Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 18:38

Куштор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ

9 июл 2011, 05:38

Гулӯ ва гардани кормандони нуқтаи фурӯши сӯзишвории мавсум ба «Фирӯз»-и ноҳияи Мастчои вилояти Суғдро буриданд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, дирӯз соати 5-и субҳ, шахсони номаълум ба ин нуқтаи фурӯш, ки дар роҳи нақлиётгарди ҷамоати Палдорак воқеъ аст, ворид гашта бо олоти халандаю буранда, гулӯ ва гардани шаҳрвандон  Мирзошариф Ашуров ва Ҳалим Ҷумъаевро бурида, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.     Номбаршудагон, сокинони рустои Роғи ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчо мебошанд. Манбаъ афзуд, Мирзошариф  Ашуров пас аз бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Ҳалим Ҷумъаев дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гашт. Айни ҳол амалиёти кормандони милиса барои боздошти ҷинояткорон дар қаламрави вилояти Суғд идома дорад.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!