Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:19

Маркази обу ҳавошиносӣ: Рӯзҳои офтобӣ наздик омадаанд

29 апрел 2013, 14:53

Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, то якуми май дар Душанбе ва минтақаҳои атрофи он ҳавои абрноку бориши кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.

Ҷамила Байдуллоева,
масъули Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, “аз 1 то 3-юми май дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш, ҳавои офтобӣ то 20 - 25 дараҷа гарм дар назар аст.”

Байдуллоева афзуд, ки рӯзҳои 4-5 май дар ҷумҳурӣ боз раъду барқу боридани борон пешбинӣ шудааст ва ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона 20- 25 дараҷа ва шабона аз 7 то 12 дараҷа гарм хоҳад шуд: “Дар қисматҳои куҳӣ бошад, ҳарорати ҳаво шабона 3 дараҷа, рӯзона аз 6 то 11 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар қисмати ғарбии Бадахшон шабона то 10 -11 дараҷа, рӯзона аз 13 то 18 дараҷа ҳаво гарм мешавад. Дар қисмати шарқии ин вилоят шабона ҳарорати ҳаво 2 то 7 дараҷа хунук ва рӯзона 5 то 10 дараҷа гарм хоҳад буд.”

Ба гуфтаи Байдуллоева дар шаҳри Душанбе низ 4- 5 май соли равон ҳавои тағйирёбанда, борони кутоҳмудат ва раъду барқ дар назар аст: “Ҳаво шабона то 10 -11 дараҷа, рӯзона 22- 24 дараҷа гарм хощад шуд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!