Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:17

Дар Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии Данғара таъсис ёфт

30 апрел 2013, 08:27

Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 29-уми апрел, ки таҳти раёсати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, дар бораи таъсиси Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ва Муассисаи давлатии Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ қарор қабул кард.

Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, зимни ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон дар пасманзари боронгариҳо ба масъулин доир ба корҳои соҳилбандӣ, пешгирӣ аз хатарҳои селу жола ва дигар офатҳои табиӣ, вусъати кишти баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ, афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ супоришҳо додааст. Раисиҷумҳур инчунин супориш додааст, ки дар Рӯзи миллии дав (19 май) ва Рӯзи ҷавонон (23 май) чорабиниҳои оммавии варзишию фарҳангӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими ҳисси худшиносию ватандӯстии ба роҳ монда шаванд.

Дафтари матбуот мегӯяд, зимни ҷаласа лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ” ва лоиҳаи як зумра қонунҳои дигар дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунанда маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳои конститутсионӣ “Дар бораи мақомоти прокуратура”, “Дар бораи судҳо”, “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ” ва қонунҳо “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия”, “Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ ” ва “Дар бораи роҳҳои мошингард ва фаъолияти роҳдорӣ” пешниҳод гардидаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мухочир

  • 30 апрел 2013 12:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба хамин доншгохои мавчуда мардум тамом мекунан бекор кор нест боз донишгох месозанд хами пуле ки месозан маоши омузгорора баланд кунан то сатхи талима хуб кунан то мардум босавод шаван
Посух додан
  • Фаридун

  • 30 апрел 2013 17:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дангарачон Дангара, ректоруш ки боша? кандута бузан дангарачон дангара.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!