Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:51

Роҳи оҳани Тоҷикистон 200 вагону се тепловози нав харид кард

30 апрел 2013, 08:46

Дар пасманзари сару садоҳо оиди вазъи бади қаторҳои Тоҷикистон, корхонаи роҳи оҳани кишвар эълон намуд, ки 200 вагони боркаш ва 3 тепловози навро харидорӣ карда, вориди Тоҷикистон намудааст.

Тавре аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ доданд, аз ин 3 тепловози номбурда яке ба Суғд, дуи дигар ба Душанбе ворид гардиданд. Вазорати нақлиёти кишвар аз қавли сардори Хадамоти локомотиву вагонҳои боркаш, Камолиддин Шарифов бартарияти тепловозҳои навро дар он арзёбӣ мекунад, ки агар тепловози кӯҳна дар 18 рӯз таъмир карда шавад, тепловози нав дар се моҳ як бор аз таъмиру таҷдид мегузарад: “Маводи сӯхту равғанҳои молиданӣ дар тепловозҳои нав камтар харҷ мегарданд ва аз ҳама муҳим – сифати кори онҳо хубтар хоҳад буд.”

Роҳи оҳани Тоҷикистон инчунин мегӯяд, танҳо соли гузашта дар қатори 306 вагони боркаш ҳамчунин 15 вагони мусофирбари ҳозиразамон ва 4 тепловози шоҳроҳӣ харидорӣ кардааст ва ин корро идома хоҳад дод.

Ин дар ҳолест, ки ахиран вазъи техникию санитарии қаторҳои Тоҷикистон мавриди интиқоди шаддиди мақомоти рус қарор гирифт ва пешниҳодҳо садо доданд, ки вуруди қаторҳои тоҷик ба Русия манъ карда шавад. Аммо масъулини роҳи оҳани тоҷик изҳороти мақомоти русро туҳмат арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки мақомоти рус мехоҳанд ба ҳамин восита бозори мусофиркашонии Тоҷикистонро ба даст оранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!