Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:05

Душанбе: 66-солагии Ғалаба дар боғи Ғалаба

9 май 2011, 08:54

Солгарди навбатии пирӯзӣ бар фашизми гитлерӣ бо ширкати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур, ки субҳи имрӯз дар боғи Ғалабаи пойтахт сурат пазируфт, ба ҷузъ сарвари давлат райиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсайид Убайдуллоев ва вазирони мудофиаву корҳои дохилӣ- Шералӣ Хайруллоев ва Абдураҳим Қаҳҳоров иштирок доштанд.

Зимнан, раисҷумҳур аснои мулоқоташ бо собиқадорони ҷангу меҳнат онҳоро итминон дод, ки давлат ва ҳукумати кишвар дар ҳаққи онҳо ҳамеша ғамхорӣ хоҳад кард.

Ёдрас менамоем, замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди беш аз 300 ҳазор фарзандони Тоҷикистон дар ҷабҳаи набард ширкат карда, 92 ҳазори онҳо дар майдони ҷанг қурбон шудаанд. Азҷумлаи фиристодагони халқи тоҷик 55 нафар бо гирифтани унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шарафёб гардидаанд. Тибқи иттилои расмӣ айни замон дар ҷумҳурӣ 2559 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сар мебаранд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!