Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:29

Муаммои фақр дар Тоҷикистон ҳал шудааст?

30 апрел 2013, 09:59

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА

Бар асоси таҳлили Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, то ду соли пеш теъдоди камбизоатон дар кишвар 53 дарсади аҳолиро ташкил медод, вале ҳоло ин шумора ба 38 дарсад расидааст. Яъне, ба гуфтаи вазорат, ҳоло бештар аз 62 дарсади сокинони Тоҷикисторо наметавон камбизоат номид.
Камбизоатӣ дар Тоҷикистон 38 фоиз аст?

Мустафо Абдуллоев, сармутахассиси рушди минтақаҳо ва мониторинги барномаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло дар шаҳру навоҳии кишвар ин таҳлилро миёни масъулин баҳсу баррасӣ мекунанд ва барои дурнамои паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои ду соли оянда, соли 2013 ва 2015 омодагӣ мегиранд.

Ба гуфтаи Абдуллоев, 38 дарсади мардуми Тоҷикистон даромадашон дар рӯз аз даҳ сомонӣ камтар аст ва онҳо наметавонанд, ғизои дуруст, ки ба сабади истеъмолӣ мувофиқат кунад, истеъмол намоянд. "Лекин бо вуҷуди ин, дар қиёс ба солҳои гузашта шумораи камбизоатон хеле кам шудааст. Чунин таҳқиқотро дар чаҳор сол як бор Агентии омори Тоҷикистон бо кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ анҷом медиҳад. Инро аз рӯи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ муайян мекунанд. Мувофиқи стандартҳои байналхалқӣ, агар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ як фоиз зиёд шуд, ин ба 0,6 фоизи паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат мекунад”,-гуфт ӯ.

Баҳром Шарифов, коршиноси умури бонкӣ, мегӯяд, ин оморро дуруст меҳисобад. Зеро ба гуфтаи ӯ, “тайи 15 соли ахир Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар соҳаи иқтисод ва иҷтимоъ ба бисёр комёбиҳо ноил гашта, ки инро касе инкор карда наметавонад.” Мусоҳиби мо афзуд, сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ чунин ҳисоб мегардад, ки даромади якрӯзаи шахс бояд аз ду доллар кам набошад. Ҳар як нафар дорои хонаву мошин ва дигар амвол аст, вале барои истифодабарии онҳо ҷиҳати гирифтани даромад хароҷот лозим мебошад.

Омори вазорат 6 фоиз хатоӣ дорад

Ин ҳам дар ҳолест, ки Фирӯз Саидов, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, сатҳи камбизоатӣ аз тарафи таҳқиқоте, ки ҳар сол Агентии омор мегузаронад, муайян мегардад. Чун онҳо ҳар сол дар байни 5 ҳазор хонавода пурсиш мегузаронанд ва гуфтан мумкин аст, дар ин ҳолат мумкин то 6 фоиз хатои оморӣ вуҷуд дорад. "Албатта ин 36 фоиз ҳам худ нишондиҳандаи бисёр баланде дар байни кишварҳои Осиёи марказист. Барои ҳамин вобаста ба онки маблағи зиёд сол ба сол аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ ворид мешаваду сатҳи зиндагии аҳолӣ бештар аз ин даромад бастагӣ дорад, мумкин то дараҷае ин омор муовфиқат кунад. Сатҳи камбизоатии аҳолӣ ҷуз омилҳои дохилӣ бо омилҳои берунӣ ҳам ҳисоб мегардад",-изҳор дошт Фирӯз Саидов.

Зулфиқори Исмоилиён таҳлилгари масоили иқтисодӣ ин гуфтаҳоро тақвият бахшида мегӯяд, 38 дарсад камбизоат эълон кардани Вазорати рушди иқтисод шояд дуруст бошад, вале тибқи омори ироакардаи созмонҳои байналмилалӣ дар канори 38 дарсад фақр, 14 камбизоатии шадид низ ҳаст, ки ин 14 дарсад ба омори масъулин ворид намешавад. Ба қавли номбурда, аз соли 2010 то имрӯз нархи колоҳо дар бозорҳои дохилии Тоҷикистон ба ҳисоби дохилӣ ҳадди ақал то 40 дарсад боло рафтааст ва ин таварруме, ки дар кишвар ҳаст, ба он нафаре, ки 300 сомонӣ маош мегирад, иҷоза намедиҳад то зиндагияшро пеш барад, ҳатто сабади истеъмолияшро таъмин карда наметавонад.

"Дар Тоҷикистон 5 дарсад мардуме ҳастанд, ки зиндагияшон таъмин аст минҷумла мансабдорон. Вазорати меҳнат ҳам таҳқиқот анҷом дода буд, ки тибқи таҳқиқоти онҳо дар Тоҷикистон синфи миёна вуҷуд надорад. Маоши кормандони давлатӣ то 900 сомонӣ таъмин шудааст, зиндагии онҳоро таъмин наметавонад кунад ва ин кормандон ба синфи миёна шомил намешаванд",-гуфт Зулфиқори Исмоилиён.

Замину муҳоҷират ва фақр


Поин рафтани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон мувофиқи ин таҳқиқот аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ, истифодаи самарабахши замин ва дар маҷмӯъ, афзоиши истеҳсолоти дохилӣ дар чанд соли ахир ба даст омада будааст. Дар ин таҳқиқот ҳамчунин зикр шудааст, ки нерӯи интиқоли барқ дар соли 2010 дар навоҳии кишвар 6 соат дар шабонарӯз интиқол меёфт, аммо дар соли 2012 ба 12 соат расид, ки ин низ як пешрафт ва беҳтар шудани зиндагии сокинони кишвар ба шумор меравад.

Фирӯз Саидов бар ин бовар аст, ки нисбат ба солҳои гузашта барои нафарони соҳиби замин, озодӣ ва фурӯши маҳсулот вуҷуд дорад. “Солҳои пеш аз тарафи ҳукуматҳои маҳаллӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ гуфта мешуд, ки фалон миқдор пахтаву ғалла истеҳсол кунанд, аммо имрӯз ин система вуҷуд надорад. Ин ҳам худ як рушди иқтисодист, зеро хонаводаҳо маҳсулотеро истеҳсол мекунанд, ки бехатарии ғизоияшонро таъмин мекунад”,-афзуд ӯ
Гуфта мешавад, камбизоатӣ дар Тоҷикистон на фақат аз мушкилоти дохилии кишвар вобастагӣ дорад. Танҳо як роҳи оҳане, ки дар ҷануби кишвар аз ҷониби Узбакистон махкам карда шуд, ба камбизоатии вилояти Хатлон таъсири манфии худро расонид. Вақте маҳсулот аз роҳи оҳан гирифта мешуд, нисбатан арзон буд, аммо акнун роҳи дигаре нест ҷуз инки колоҳо ба Хатлон аз роҳи марказӣ ворид гардад.

Бо ин ҳол иқтисоддонон мегӯянд, бо рушди феълии иқтисоди Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ наметавонад 38 дарсад бошад. Чун созмонҳову коршиносони байналмилалӣ истифода аз заминро яке аз камтарин арзишҳое медонанд, ки битавонад сатҳи зиндагии мардумро боло бардорад. Агар корхонаҳо сохта шаванду мардум дар он кор кунанд, онгоҳ метавон гуфт, сатҳи фақр кам шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар, Сиевуш чудо хам захмат кашиди, мешуд дигар дар ин макола номи Муъмин Ахмадиро низ хамрох кунӣ.

http://www.ozodi.org/content/tajik-people-life-improve-to-better/24963766.html

Фикр мекунам фахмиди, чун гузоришат бо матлаби Муъмин Ахмади огоз шудааст. Хатто вергулу нуктааш низ дигар нашудааст.

Хеч мушкил надошт, Хилватшора мегуфти, корта осон мекард. Охир Хилватшо, аз чумлаи тахримкунандагони Озоди ва Сорос аст, ку.

Зинда бошед, бародарон!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!