Бахшҳо
30 апр 2013 11:07Тоҷикистон / Сиёсат

Афзалов: Ваъдабоз бисёр аст, аммо бояд нафари шоиста интихоб шавад

Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, аз Аҳмадҷон Ализода, раиси Комиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, тақозо намуд, дар марҳилаи “нозуки сиёсӣ”, яъне интихоботи раисиҷумҳур, ҳангоми ҷалби аъзои нав аз тақаллубкорӣ ҷилавгирӣ намоянд.

Ин нукта рӯзи 29-уми апрел дар ҷаласаи мақомоти вилоят садо дод. “Бояд пеш аз ҳама, мо - аъзои ҲХДТ корро аз ташкилоти ибтидоии хеш сар кунем, то онҳо мисле, ки дигар ҳизбҳо мардумро фиреб дода, “инҷо имзо кун, ёрии башардӯстона мегирӣ” гуфта, бо ин роҳи дурӯғ сафи хешро пур месозанд, ба мардумфиребӣ роҳ надиҳанд”,-гуфт Афзалов.

Вай илова кард, “на ҳама имкони хондану дидани рӯзномаву телевизионро доранду пешравиҳоро мушоҳида мекунанд. Бинобар ин, нақша-чорабинӣ тартиб дода, ҳақиқатро ба мардум фаҳмонидан даркор аст. Ваъдабоз бисёр аст, аммо бояд каси арзандаро интихоб кард. Касеро, ки дар рушду оромии кишвар ҳиссаи сазовор гузошта тавонад”.

Ёдовар мешавем, алъон ҲХДТ дар ҳудуди вилояти Хатлон дар 1400 ташкилоти ибтидоӣ беш аз 90 ҳазор нафарро муттаҳид намудааст.
Мӯҳр
комил
ХХДТ хамара такалубкори накунад.бо ваъдахои дуругин.ин ваъдахо кай ичро мешад.бояд 2012 ваъдохо ичро мешуд.

Хонанда
Тарики телевизону рузномахо хонада дидестем аммо дар бораи фиреб кардани хизбхо сиеси ин дуруг аст агар мебуд чаро нагуфти фалон хизб фиреб дод е дуруг гуфт

диловар
хизбе ки дуругуву фасодкори мекна ин хизби хокиммаст ба хамагон малум маст ин, бо чи хочат ба баен аст,

Салим
ХХДТ-и Точикистон мардумро 20 сол аст,ки зиндагии арзанда ваъда медихаду лекин натичааш:
а)фасодиву ришваситони дар хамаи макомотхои давлати
б)бебарки дар тамоми чумхури дар фасли зимистон
в)бекори
г)факр,сатхи пасти зиндаги
д)андозхои дандоншикан
е)нархои баланди маводи сухт ва дигар маводхои рузгор
ж)роххои пулаки
з)сатхи пасти таълим дар муассисахои омузгори
и)сатхи пасти сохаи тандурусти

Самиев
“Бояд пеш аз ҳама, мо - аъзои ҲХДТ корро аз ташкилоти ибтидоии хеш сар кунем, то онҳо мисле, ки дигар ҳизбҳо мардумро фиреб дода, “инҷо имзо кун, ёрии башардӯстона мегирӣ” гуфта, бо ин роҳи дурӯғ сафи хешро пур месозанд, ба мардумфиребӣ роҳ надиҳанд”. Авзалов дуругеро, ки чандин сол боз худашон амали мекарданд, фош сохт! Ачаб наход бо забони худ дуруги худро фош созанд-да?! Ана гап дар кучо будааст, ин ХХДТ бо хамин рох мардумро аъзои худ мекардааст" Ин чо имзо кун ёрии башардустона мегири". О ин ёрии башардустонаро гайри шумо раисони вилояту нохияхо магар ягон каси дигар таксим ё дастрас мекунад? албатта харгиз. комил

65 сола шудед шуморо даврони прири интизор дар чехраи шумо нотавони хастаги намён мебошад.Вилояти Хатлонро рохбари чавону шучоъ равшанфикр, пёмадхои асри нав, ободониву фикрхои тоза лозим аст. Харакат кунед кадрхои чавон сари кор биёяд.Барои шумо ва ахли оила срабладндиро хохонам. Бигузор даврони пириро миёни наберахо хуш гузаронед....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)