Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:34

10-ҳазор нафар дар гузашти низомӣ ширкат мекунанд

9 июл 2011, 07:12

Беш аз 10 ҳазор нафар афсару сарбози қувваҳои мусаллаҳ барои гузашти ҳарбӣ омодагӣ мебинанд.


Тавре Фаридун Маҳмадалиев сухангӯи вазорати мудофиа ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар баробари дигар афроди ҷомеа ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳ низ барои таҷлили 20-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ омодагии ҳамаҷониба мебинанд.Дар паради ҳарбӣ бахшида ба рӯзи истиқлол тақрибан 10 ҳазор нафар афсару сарбози қувваҳои мусаллаҳ иштирок мекунанд, ки қариб 80 дар сади онҳоро хизматчиёни ҳарбии вазорати мудофиа ташкил медиҳанд. Номбурда афзуд, ки  дигар мақомотҳои қудратии кишвар, аз ҷумла Қушунҳои сарҳадии кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи милии ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ, Қушунҳои дохилӣ, Вазорати корҳои дохила, Полки 65-93-и раёсати корҳои ислоҳии вазорати адлия низ дар ин парад иштирок хоҳанд кард.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!