Бахшҳо
01 май 2013 10:03Тоҷикистон / Сиёсат

Ҷунбиши миллӣ хост, Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот ширкат накунад

Ҷунбиши миллии Тоҷикистон дар як муроҷиатнома аз раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон -- Эмомалӣ Раҳмон хостааст, то дар интихоботи президентӣ номзадияшро нагузорад.

Ин интихобот моҳи ноябри соли 2013 баргузор хоҳад шуд. То ҳол танҳо Ҳизби ҳокими ҳалқӣ-демократии Тоҷикистон гуфтааст, ки бо номзади худ дар он ширкат меҷӯяд ва он ҳам Эмомалӣ Раҳмон аст. Аҳзоби дигар то ҳол тасмими қатъии худро рӯшан накардаанд.

Ҷунбиши миллии Тоҷикистон дар изҳороти худ ба оқои Раҳмон муроҷиат кардаву гуфтааст, "ба хотири ҳифзи арзишҳои демокросӣ ва тараққиёте, ки миллати Тоҷикистон бо шаъну шараф арзанда асту орзуяш дорад, аз Шумо хоҳиш мекунем, дар интихоботи ояндами раисҷумҳурӣ ҳамчун номзад ширкат накунед. Ин шояд саҳми беҳтарини Шумо дар тақвияти мардумсолорӣ ва рушди воқеии кишвар гардад, вале, албатта, охирин нахоҳад буд. Мо умедворем, ки Шумо бо ҳизби худ дар таъмини интихоботи шаффоф ва озод ҷидду ҷаҳд мекунед, ки боиси ифтихори мардум гардад ва заминаи хуб барои ташкили ҳукумати масъулиятнок ва мутахассисин дар хидмати мардум фароҳам ояд».

Ҷунбиши миллӣ дар идома қабули Созишноми Сулҳ миёни ҳукумат ва нерӯҳои мухолифин дар соли 1997-ро як қадами мусбат дар давлатдории тоҷикон унвон карда, гуфтааст, тамоми миллат аз нақши Эмомалӣ Раҳмон ва ҷониби дигар дар ин дастоварди муҳим қадрдонӣ мекунад. "Вале таъқиби пайвастаи ҳизбҳои рақиб, маҳдудияти воситаҳои ахбори мустаққил, шиканҷаи зиндониён, нақзи қонун ва суистифодаи додгоҳҳо, фасоди фарогир, ашхоси тасодуфӣ дар ҳукумат, камбуди диққат ба сифати омӯзиш ва беҳдошти аҳолӣ, ҷойҳои кории пастмузд, муҳоҷирати меҳнатии носолим ба Русия, бохтани замин ба Чин, фиреб дар корхонаҳои давлатӣ, аз ҷумлаи Талко, роҳҳои пулакӣ, вобастагии рӯзафзун аз молхои хориҷӣ ва болоравии нархҳо сатҳу сифати зиндагии аксари мардуми Тоҷикистонро коҳиш дода, орзуи насли ҷавон барои ояндаи дурахшонро аз байн бурдааст",-таъкид шудааст дар ин муроҷиатнома.

Ҷунбиши миллии Тоҷикистон ба Қонуни асосии Тоҷикистон ишора кардааст, ки дар боби 4, банди 65-и он омада, ки «як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад.» Дар идомаи он гуфта шудааст, "яъне, бо иштироки худ дар интихоботи 1994, 1999 ва 2006 Шумо аллакай се муҳлат пай дар пай дар вазифаи раисҷумҳур фаъолият кардаед."

Ҷунбиши миллии Тоҷикистон як созмони сиёсиест, ки дар Вазорати адлияи ин кишвар сабтином нашудааст. Ин созмони сиёсӣ қаблан бо як изҳорот Раҳматилло Зоиров, раҳбари ҲУСДТ-ро номзади худ ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ эълон карда буд.
Мӯҳр
аз Душанбе
беле бояд конунро риоя кард модоме ки чаноби оли риоя накунанд пас халк ба конун риоя мекунадми?

Чунбиши милли аввалан худашро ном навис намояд бад ба мардум кору рохравиро омузад! Ба фикри ман Чаноби оли бояд дар ин интихобот ширкат намоянд чун, ки узбакистон ин чизро интизор аст. Худо хохад мо мардуми Точик бо аклу хирад хастем ва зиракии сиёсиро аз даст нахохем дод! Барои хамин ХХДТ номзади арзандаро пешниход кардааст. Ин фикри шахсии ман буд ба дигар низ метавонанд фикри худро нависанд! Ман дар замони имруз ракиби арзандаро нисбат ба Чаноби оли намебинам! Боки сарбаланду хонаообод бошед.

ВАКТ ДОВАР АСТ НА ИНУ НА ОН

bale nomzadiyashro namonad xubast in kas agar nomzadiyoshro monad digar kujo demokrati memonad

Вакт хама чизро нишон хохад дод мардуми точик сабур бошед.

анти аспирант
набояд шахсият параст шуд наход аз8 млн точик хадди акалан як нафархам ефт нашавад

Мо мардуми точик бояд ба раисиҷумҳури Тоҷикистон -- Эмомалӣ Раҳмон овози худро тихем эй мардум магар ин одам набуд ки точикистони моро обод кард ёдовар шавед солхои 1991-ро душанбе чи ахвол дошт хозир чи ? курнамаки накунед одамхои хуб ин кадар мактаб сохтмон роххо хамаш бо машакати чаноб шуда истодааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)