Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 23 август 2017, 03:27

«Боруссия» ба даври ниҳойии Лигаи қаҳрамонҳо роҳхат гирифт

1 май 2013, 11:19

Клуби «Реал»-и Мадрид дар бозии ҷавобии даври ниманиҳойӣ бо ҳисоби 2:0 «Боруссия»-ро мағлуб кард.

Карим Бензем дар дақиқаи 82-юм ҳисобро боз ва баъди панҷ дақиқа ҳамдастаи ӯ Серхио Рамос голи дуюмро ба дарвозаи ҳариф зад. Аммо ин пирӯзӣ ба «Реал» роҳхат ба даври финалиро наовард. «Боруссия» бо ҳисоби умумии 4:3 аз ду бозӣ вориди даври оянда шуд.

Шоми имрӯз, 1-уми май бозии ҷавобии «Барселона» -- «Бавария» баргузор мешавад, ки иштирокчии дуюми бозии ниҳойии Лигаи қаҳрамонҳоро муайян хоҳад кард. Дар дидори нахуст «Бавария» дар майдони худ ба дарвозаи «Барселона» чор голи беҷавоб зада буд.

Финали Лигаи қаҳрамонҳо 25-уми май дар варзишгоҳи «Уэмбли»-и Лондон баргузор мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!