Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:12

Шабдолов: Истиқлолияти Тоҷикистон намоишӣ ва эълоншуда аст

9 июл 2011, 11:41

Имрӯз дар Душанбе анҷумани 29-уми ҳизби комунистии Тоҷикистон баргузор гардид.


Зимни ин ҳамойиш масоили марбут ба интихоби ҳайати роҳбарикунандаи ҳизб, кумитаи марказӣ ва ташкилотҳои минтақавии он баррасӣ шуд. Дар анҷуман ба ҷуз вакилони ҲКТ, намояндагон аз дигар аҳзобу созмонҳо ва хабранигорон ширкат доштанд.Таври мисол Сафар Сафаров, муовини аввали райиси ҲХДТ ва чанд нафари дигар аз ҳизби коммунистии Хитой (дипломатҳои сафорати ин кишвар дар Душанбе) ҳам дар радифи даъватшудагони съезд ҳузур доштанд.

Шодӣ Шабдолов, ки тайи 20-соли ахир дар симмати райиси ҲКТ ифои вазифа дорад, бо ҷонибдории кулли вакилон боз сарвари ин ҳизб интихоб шуд. 97 нафари дигар ба аъзогии кумитаи марказии ҳизб ва 9 нафар ба узвияти кумитаи назорати тафтишотӣ интихоб шуданд. Абдувалӣ Абдуллоев бошад, райиси кумитаи назорат ва тафтишоти ҲКТ пазируфта шуд.

Райиси ҲКТ, зимни баромадаш дар анҷумани мазкур  роҷеъ ба масоили ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, роҳҳои беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоӣ ва коҳиш додани мизони фақру камбизоатӣ ибрози андеша карда, афзуд: «Усули феълие, ки ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи иқтисодиёт пеш гирифтааст, барои коммунистон номақбул аст, яъне мо онро қабул надорем». Шабдолов гуфт, истиқлолияти имрӯзаи Тоҷикистон воқеӣ набуда, балки як истиқлолияти намоишӣ ва эълоншуда мебошад. Ба масъалаи эътимод ва боварии ҳамҳизбонаш, ки ӯро барои ин дафъа ҳам райиси ҳизб баргузиданд, дахл карда афзуд, аз шумо миннатдорам ва то вақте ки ҳастам, ба манфиати ҳизб, миллат ва кишвар хизмат хоҳам кард.Аммо Шабдолов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бархе аз аъзоёни ҲКТ бо муҷарради ба ягон мансаби давлатӣ расидан сафи ҳизбро тарк мекунанд ва ба ҳизби дигар мепайванданд.

Сафар Сафаров, муовини аввали райиси ҲХДТ зимни баромадаш иброз дошт, ки алъон аз 8 ҳизби сиёсии амалкунанда дар ҷумҳурӣ 5-тои он дар парлумон намоянда доранд ва коммунистон паз аз халқӣ-демократҳо мақоми дуввумро ишғол мекунанд.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!