Бахшҳо
01 май 2013 14:35Тоҷикистон / Сиёсат

Посухи ҷавонони Бадахшон ба “Созандагон”: Аз пашша фил насозед!

Як гурӯҳ аз ҷавонони фаъоли Бадахшон ба нигаронии Созандагони Ватан, қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, дар бораи “авбошӣ дар Хоруғ” посух гуфтаанд.

Ин гурӯҳи ҷавонон мегӯянд, латту кӯби сохтмончиён -- Тошмуродов ва Чақалов дар Хоруғ онҳоро низ ба ташвиш овардааст, вале шеваи нигаронии ҷавонони ҲХДТ онҳоро бетараф гузошта наметавонад. Зеро ба гуфтаи онҳо, Созандагони Ватан ин вазъро чунин тавсиф карда, ки миёни сокинони дигар манотиқи кишвар нисбат ба зодагони Хоруғ бадбинию душманиро ба вуҷуд меорад.

“Мо намефаҳмем, ба чӣ хотир ҷиноҳи ҷавонони бузургтарин ҳизби кишвар мардумро ба гумроҳӣ мебаранд ва дар асоси он чунин изҳорот мекунанд”,-таъкид шудааст дар номаи ҷавобии ҷавонони фаъоли Бадахшон.

Ин гурӯҳи ҷавонон ба иттилои роҳбарияти Созандагони Ватан расондаанд, ки гумонбаршудагон аллакай дастгир шуда ва бинобарин талаби эшон оиди бо диққат бурдани тафтишот ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон мантиқӣ нест: “Дар ин хусус ҳанӯз 25-уми апрел роҳбари шӯъбаи ВКД дар ВМКБ Тоҷиддин Назришоев хабар дода буд. Ҳамчунин, ӯ дар хусуси латту кӯби як нафар гуфта буд, на ду нафар. Ҳоҷат нест аз пашша фил сохта, як ҷанҷоли оддиро ба ҷанҷоли миёни манотиқ табдил дода шавад.”

Ба андешаи ин ҷавонон, Созандагони Ватан бо чунин изҳороте, ки махсус паҳн шудааст, сокинони Хоруғро бадном мекунанд. Дар ҳоле ки ба таъкиди ҷавонони фаъоли Бадахшон, “ҷиноҳи ҷавонони ҲХДТ-ро гум шудани кӯдакон, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ва кушторҳо ба ташвиш намеорад. Ҷиноятҳои тобистони соли гузашта дар Хоруғ аз ҷониби мақомот ба куллӣ тафтиш нашудаанд, аммо ҷиноҳи ҷавонони ҲХДТ дар он хусус хомӯш аст, ҳамчуноне ки барои ҳалли дигар мушкилоти минтақа кӯшиш намекунад ва диққати худро рӯи як қазияи кӯчак гирд овардааст.”

Ҷавонони Бадахшон Созандагони Ватанро ба созандагӣ даъват карда, хоҳиш намудаанд, ки оромию сулҳи нозуки минтақаро халалдор насозанд.
Мӯҳр
Инчо аз пашша фил сохтан нест,бал хакикат аст,ман худ шохиди хол будам ки аксари Хоругиён тарбияти дурусте надошта ба авбоши ва тахкири одамон бахусус гайри хоругиён даст доранд.Чаро хакикатро пинхон мекунед? чаро махалгарои мекунед?

Дар Бадахшон хастанд бисёр чавонони бо маърифату бо тарбия вале аксарияташон бисёр махалчию бадхоханд фикр менамоянд аз онхо дида дигар инсонхо дар сатхи паст карор доранд ва хамин хаёлхои хому худфиребонаашон ба сари худу падару модарашон мушкилии зиёд ворид менамоянд !

Ник Никовичи муътабар, ки ва кай дар кучо махалгарои кардааст? Озодагон як расонаи мустакил асту хеч рабте ба махал надорад. Муассиси он, ки аз Хоруг ва умуман аз Бадахшон нест. Пас, кучост мантик азизам? Сухан дониста гу, то дустро душман нагардони...

Чанд руз пештар дар Душанбе шахсияти мухим сиёси, муовини райиси ХНИТ- Махмадали Хайит латкуб шуд. Аммо "Созандагони Ватан" на танхо эътирохз накард, балки ба касалхона ба аёдат нарафт, хонааш беморбини нарафт. Хатто 1 намояндачаи ХХДТ чи, хатто аз каноти "СВ" ба чашни 40-солагии хизби Хайит нарафт. Ин чи чомеъаи яктарафа аст

Шахрванд
Чанохи созандагони ватан! чанг наандозед миёни мардум! як бор кишварро пешвоёнатон ба хоку хун кашиданд, бас аст, аз Худо аз мардум аз худатон шарм доред! наход як чинохи сиёсии кишвар то ин хад бе масъулият бошад, ки чунин изхороти бешармона пахш кунад. вой бар холи миллате, ки шумо рахбараш бошед.

Раис
Аслан дар парлумон мухокима карда автаномияи Бадахшонро бекор кунанд.

Ачиб, дар пойтахти кишвар кариб хар руз лату куби афроди шинохтаву одди сурат мегирад, хатто кор то хадде расидааст ки кудакони бегунох рабуда мешаванд, вале касе парвои онро надорад. Чаро дуздии кудакону ноболигон аз мадди назари Созандагони ВАтан дур монду ба лату куби ду нафар, ки он дар шахри ХОРУГ сурат гирифт ин кадар марок зохир намуданд. Сабаб дар чи бошад? Шур андохтану, вайрон кардани муносибат ва талоши баланд карадни хисси бадбини миёни мардуми точик аз тарафи як чинохи сиёсии кишвар шармандаги ва хамзамон аблахист.

Шамшод
Ходисаи авбошии Хоруг окибаташ ташвишовар аст ва онро ба латтукубу дигару дигар мукоиса кардан нодуруст аст. Макомот чидди будани вазъро бояд дарк кунанд. Точики бечораро дар Росия мезаданд бас набуд акнун дар ватани худаш хам таги мушти фашистхо монд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)