Бахшҳо

“Қадам ба қадам”: Изҳороти “Созандагони Ватан” маҳалгароиро бармеангезад

“Қадам ба қадам”, як созмони сабтиномнашудаи ҷавонон изҳороти “Созандагони Ватан”, қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, дар бораи “авбошӣ дар Хоруғ”-ро маҳкум кардааст.

“Қадам ба қадам”, ки ба гуфтаи муассисонаш созмони зидди маҳалгароӣ дар Тоҷикистон аст, гуфта, ки чунин изҳорот “бадбиниву маҳалгароиро дар манотиқи алоҳидаи Тоҷикистон бармеангезад”. Ба қавли муассисони ин созмон, ҷиноят дар ҳар шакл ҷиноят аст ва набояд мансубияти ҳизбӣ ва қавмии ҷинояткор ҳамрадифи номаш зикр гардидаву хашми дигаронро ба вуҷуд биёрад.

“Агар ҷавоне дар Хатлон, Суғду Бадахшон ҷиноят содир мекунад, ба маъное нест, ки дар ин манотиқ ҳама ҷинояткоранд. Аз ин хотир пахши ин гуна изҳоротҳо нигаронкунанда ва ташвишовар аст”,-гуфтаанд муассисони “Қадам ба қадам”.

Ин дар ҳолест, ки қаблан як гурӯҳ аз ҷавонони фаъоли Бадахшон ҳам бо номае нигаронии худро аз изҳороти Созандагони Ватан изҳор доштанд. Ин гурӯҳи ҷавонон мегӯянд, латту кӯби сохтмончиён -- Тошмуродов ва Чақалов дар Хоруғ онҳоро низ ба ташвиш овардааст, вале шеваи нигаронии ҷавонони ҲХДТ онҳоро бетараф гузошта наметавонад. Зеро ба гуфтаи онҳо, Созандагони Ватан ин вазъро чунин тавсиф карда, ки миёни сокинони дигар манотиқи кишвар нисбат ба зодагони Хоруғ бадбинию душманиро ба вуҷуд меорад.

“Мо намефаҳмем, ба чӣ хотир ҷиноҳи ҷавонони бузургтарин ҳизби кишвар мардумро ба гумроҳӣ мебаранд ва дар асоси он чунин изҳорот мекунанд”,-таъкид шудааст дар номаи ҷавобии ҷавонони фаъоли Бадахшон.

Қаноти ҷавонони Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ахиран бо пахши як изҳорот гуфт, “бори аввал нест, ки сохтмончиёне, ки аз тамоми гӯшаву канори мамлакат барои ободкориву созандагӣ ба ВМКБ сафарбар мешаванд,аз ҷониби гуруҳҳои алоҳидаи ҷавонони маҳаллӣ мавриди таҳдид ва ё таҳқиру латукӯб қарор мегиранд.”
“Созандагони Ватан” ин амалро “ноҷавонмардона” арзёбӣ карда, аз сохторҳои дахлдор хоҳиш намудааст, ки ҳодисаро дар доираи қонун баррасӣ кунанд.

Аммо дар номаи гурӯҳи ҷавонони Бадахшон гуфта мешавад, ки гумонбаршудагон аллакай дастгир шуда ва талаби онҳо дар мавриди бо диққат бурдани тафтишот ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон мантиқӣ нест: “Дар ин хусус ҳанӯз 25-уми апрел роҳбари шӯъбаи ВКД дар ВМКБ Тоҷиддин Назришоев хабар дода буд. Ҳамчунин, ӯ дар хусуси латту кӯби як нафар гуфта буд, на ду нафар. Ҳоҷат нест аз пашша фил сохта, як ҷанҷоли оддиро ба ҷанҷоли миёни манотиқ табдил дода шавад.”

Ба андешаи ин ҷавонон, Созандагони Ватан бо чунин изҳороте, ки махсус паҳн шудааст, сокинони Хоруғро бадном мекунанд. Дар ҳоле ки ба таъкиди ҷавонони фаъоли Бадахшон, “ҷиноҳи ҷавонони ҲХДТ-ро гум шудани кӯдакон, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ва кушторҳо ба ташвиш намеорад. Ҷиноятҳои тобистони соли гузашта дар Хоруғ аз ҷониби мақомот ба куллӣ тафтиш нашудаанд, аммо ҷиноҳи ҷавонони ҲХДТ дар он хусус хомӯш аст, ҳамчуноне ки барои ҳалли дигар мушкилоти минтақа кӯшиш намекунад ва диққати худро рӯи як қазияи кӯчак гирд овардааст.”

Ҷавонони Бадахшон Созандагони Ватанро ба созандагӣ даъват карда, хоҳиш намудаанд, ки оромию сулҳи нозуки минтақаро халалдор насозанд.
Мӯҳр
Хубшон мекунан! Бигзор букахора шохшона шимканан! Мезани - мезананта! Так что ба умеди гапои бехуда нашен. Бечора коргара задан - онхо махалгароишона нишон додан. Я за Созандагони Ватан. Вперед друзя!

Душанбинец
Они не думают что по всюду в Таджикистане живут памирцы?

ватанихо
.созандагони ватан.хамат созанда нести хамат тафрика андози хасти касеро чанг дохта бо худат сулх карда овоза мекуники мо ором кардим.мардума фиреб нате хамат мехони дипломи оли мегири вай дипломат оли нестай вай дипломат дипломи холи ай.факат бахохора пулмети 5чаш мегири .баъд хамара вайрон мекуни.

Барои аз байн бурдани махалгарои як созмончахаки ба номи "КАДАМ БА КАДАМ" кам аст бояд инро бузург кард...

аъзои Созандагон
Вақте асли изҳороти Созандагонро аз сайти ҲХДТ хондам, дар он тамоман дигар гап аст. Яъне созандагон зикр кардааст, ки аз ҷониби гуруҳе аз ҷавонони маҳҳаллӣ, нагуфтааст, ки ҷавонони бадахшонӣ! Дар охир низ даъвати хуб кардааст, ки аз кулли ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла ҷавонони бонангу номуси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон даъват ба амал меорад, ки барои ободиву созандагии диёр саҳмгузор бошанд ва нагузоранд, то ҳар гуна гуруҳҳои манфиатҷӯ аз нерӯву қувваи ҷавонон ба ҳадафҳои ғаразонаи хеш истифода кунанд. Танҳо ин изҳоротро азия плюс ба таври руси чоп карду мазмунашро вайрон карду монд

Ман хамчун як аъзои ин ташкилот гуфтаниам ки:
Созандагони Ватан бояд хамеша созанда бошад на сузанда..Махалгарои ин заволи миллат аст..Хар касе махалгарои мекунад бояд дониста бошад,ки у СУГДИВУ БАДАХШИВУ ХАТЛОНИРО не балки худро нобуд ва махв месозад!

Ман хамчун як аъзои ин ташкилот гуфтаниам ки:
Созандагони Ватан бояд хамеша созанда бошад на сузанда..Махалгарои ин заволи миллат аст..Хар касе махалгарои мекунад бояд дониста бошад,ки у СУГДИВУ БАДАХШИВУ ХАТЛОНИРО не балки худро нобуд ва махв месозад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)