Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 15:31

Додситонӣ барои Димон 13 ва Шерик 15 соли зиндон талаб кардааст

2 май 2013, 09:34

Айбдоркунандаи давлатӣ барои Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев, ду сокини шаҳри Хоруғ, ки тобистони соли гузашта зимни амалиёт дар Бадахшон боздошт шудаанд, мутаносибан 13 ва 15 соли зиндон талаб кардааст.

Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Файзи Олӣ, вакили мудофеи Шерик Карамхудоев иттилоъ дод.

Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеи Димон Ашӯров низ дар суҳбат бо “Озодагон” ин хабарро таъйид карда, афзуд, ки рӯзи душанбеи 6-уми апрел ҷониби ҳимоя дар додгоҳ суханҳои охиринашро баён мекунад ва он рӯз замони содир шудани ҳукми муайян мегардад. Интизор меравад, ки додрасҳо барои ду рӯз ба хонаи машваратӣ мераванд ва баъди 9-уми май ҳукми додгоҳ эълон хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол вакилони мудофеъ аз он изҳори норозигӣ мекунанд, ки додгоҳ дархости ҷониби ҳимояро дар бораи даъвати шоҳидони воломақом рад кардааст: “Баробари Қодири Қосим, раиси вилояти Бадахшон вакилони мудофеъ дархост кардаанд, ки Амирқул Азимов, ба ҳайси собиқ раиси Шӯрои амният, Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилӣ ва Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофеаи Тоҷикистон даъват шаванд, аммо додрас ҳамаи ин дархостҳоро рад кардааст.”

Димон Ашӯров, яке аз афроди наздик ба Имомназар Имомназаров, собиқ пешвои ғайрирасмии Бадахшон арзёбӣ мешавад, ки тобистони соли гузашта, зимни амалиёти мақомоти қудратӣ дар Хоруғ боздошт гардид. Мавсуф бо гумони қаллобӣ боздошт шуда буд, аммо аз ошёнаи дуюми бинои Раёсати корҳои дохилии вилоят худро партофта, ба беморхона афтид. Моҳи ноябри соли гузашта аз беморхона дар Хоруғ фирор карда, барои табобати пойҳояш ба шаҳри Урумчии Чин рафта буд. Аммо тибқи созишномаи Тоҷикистону Чин моҳи январи соли равон ба Душанбе истирдод шуда то ин муддат дар боздошгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ қарор дорад.

Шерик Карамхудоев, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ рӯзи 24 июл, дар ҷараёни амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар маркази Бадахшон боздошт шуда буд. Баъди боздошти Карамхудоев, Шерхон Салимзода, додситони куллӣ Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфта буд, “вақте Карамхудоев дастгир карда шуд аз ӯ як автомат, як граната, ду магазин бо тирҳояш мусодира карда шуд”.

Ин ду сокини Хоруғ дар ҷиноёти вазнине амсоли «ташкили иттиҳоди ҷиноӣ», «бетартибиҳои оммавӣ», ва «истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат» айбдор мешаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!