Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:33

Вазир аз суръати кор дар роҳи Душанбе-сарҳади Узбакистон норозист

2 май 2013, 10:08

Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, зимни ҷаласаи назоратии вазорат аз тақсимбандии маблағҳо ва суръату сифати таҷдиди шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, изҳори нигаронӣ намудааст.

Тавре аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ доданд, вазир роҳи Душанбе-Турсунзодаро, миёни 11 лоиҳаи бахши нақлиётии кишвар, ки бо арзиши 5,5 миллиард сомонӣ мавриди амал қарор доранд, махсус таъкид карда, дастур додааст, ки ин иншоот таҳти назорати пайваста қарор дода шавад.

Ин роҳ бо сарфи 35 миллион доллар қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ҳудуди 120 миллион доллар гранти Бонки осиёии рушд ва наздики 30 миллион доллар пули худи Тоҷикистон дар назар аст, то соли 2014-ум пурра таҷдиду азнавсозӣ шавад. Маблағҳои ҷудонамудаи Бонки аврупоӣ барои қисмати роҳе, ки дар дохили шаҳри Душанбе аст, сарф хоҳанд шуд. Қисмати боқимондаи роҳ ба дарозии 62 киллометр бо пули Бонки осиёии рушд, ки ба сифати грант ба Тоҷикистон додааст, сохта мешавад.

Масъулини Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мегӯянд, баъди таҷдиду сохтмони роҳи Душанбе -сарҳади Узбакистон имкон пайдо мешавад, ки тиҷорати байналмилалӣ рушд карда, ҳаёти мардуми атрофи ин роҳ, ки бе назардошти аҳолии Душанбе 700 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ба маротиб беҳтар шавад.

Тибқи лоиҳа, масофаи 4,6 километри ин роҳ - аз назди пайкараи Абӯалӣ ибни Синои пойтахт то дарвозаи ғарбии он аз 8 хати ҳаракати мошинҳо иборат хоҳад шуд ва марҳилаи аввалро фаро мегирад. Дар мавриди қисмати дуюми роҳ масъулин изҳор медоранд, ки он аз Душанбе то шаҳри Турсунзода бо паҳноии 25 метр 4 хати ҳаракат хоҳад дошт ва аз Турсунзода то сарҳади Узбакистон 15 метр паҳноӣ ва 2 хати ҳаракатро дар бар хоҳад гирифт. Анҷоми пурраи сохтмону таҷдиди роҳи Душанбе-Турсунзода соли 2014-ум ба нақша гирифта шудааст. Арзиши умумии азнавсозии роҳ ҳудуди 186 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ мегардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!