Бахшҳо
02 май 2013 11:08Тоҷикистон / Тема дня

"Рӯзи нав"-ро бастанд, аммо руҳи озодандеши Раҷабро натавонистанд бишкананд

Азизи Нақибзод

Вазъи матбуоти Тоҷикистон дар солҳои 1992-2002-ро дар ёд доред? Агар аз назари ҳирфаӣ будан бигӯем, дар ин солҳо матбуот ба маънои воқеиаш набуд. Ҳафтаномаҳо буданд, вале журналистика вуҷуд надошт. Журналистон буданд, аммо матолиби журналистӣ набуд. Саҳифаҳои рӯзномаҳоро қиссаҳои келину хушдоман пур мекарданд. Тавсифу таъриф жанри асосии матбуоти он замон буд. Аммо аз ифшои мушкилоти ҷомеа ва танқид ҳарфе гуфта намешуд.

Ҷанги шаҳрвандӣ ҷони даҳҳо журналистро гирифт ва даҳҳо журналисти дигарро муҳоҷиру гуреза кард. Аз ҳамин сабаб буд, ки ҷомеаро як навъ тарсу ҳарос ва ноумедӣ фаро гирифта буд. Рӯзноманигорон аз навиштани ҳарфи ҳақ њарос доштанд. Ба танқид кардан ҷасораташон намерасид. Табиист, ки дар ин ҳол журналист ва ҳирфаи журналистӣ мақому мартабаашро аз даст дода буд. Кам касе мисли имрӯз бо ифтихор ман журналистам мегуфт, яъне журналист будан он рӯзгор ифтихор набуд. Зеро журналист ба чашми хонандаи ҷиддӣ мисли ҳарзагӯ ва хушомадзан мерасид.

Соли 2003 ҳафтаномаҳои «Нерӯи сухан» ва «Рӯзи нав» бо ибтикори журналистони номвари кишвар, Мухтор Боқизода ва Раҷаби Мирзо паи ҳам рӯи чопро диданд. Ин ду нашрия дар муддати хеле кӯтоҳ ба дилҳои мардум роҳ ёфтанд. Аз мушкилоти мардум менавиштанд, дарди дили мардумро инъикос менамуданд, таърифи беҳудаи мансабдорон дар ин ҳафтаномаҳо роҳ намеёфт. Бо итминон метавон гуфт, ки Мухтор Боқизода ва Раҷаби Мирзо қолабҳои дар чандин сол шаклгирифтаро шикастанд. «Рӯзи нав»-и Раҷаби Мирзо дубора ба матбуоти тоҷик руҳ бахшид. Журналистикаро зинда кард. Ҳарчанд, «Рӯзи нав» умри хеле зиёде надид, аммо дар таърихи матбуоти тоҷик ҷойгоҳи хоси худро барои ҳамеша боқӣ гузошт.

Вақти сарварии Раҷаби Мирзо дар «Рӯзи нав»-ро метавон давраи пешрафти ӯ ҳамчун журналист ва замони ташаккулаш ҳамчун шахсият шуморид. Дар ин давра Раҷаб тавонист, ки ҳам худро ба унвони як рӯзноманигори ҳирфаӣ ва ҳақиқатгӯ муаррифӣ кунад ва ҳам «Рӯзи нав»-ро ҳамчун як нашрияи миллӣ ва дӯстдоштанӣ шиносонад. Раҷаб дар «Рӯзи нав» тими пурқуввати рӯзноманигорони ҷавонро гирд овард. Ба тамоми дигарандешон майдон дод, то битавонанд ҳарфи худро ба мардум расонанд. «Рӯзи нав» барои мардуми тоҷик воқеан рӯзи нави умед, рӯзи рӯшноӣ буд. Азбаски ин нашрия аз дарду доғи мардум мегуфт, зуд ба як расонаи муваффақ табдил ёфт. Аз хонданитарин нашрияҳои вақт буд. Ёдам меояд, ки ҳамон солҳо дар назарпурсие аз журналист Сайёфи Мизроб пурсиданд, ки «Рӯзи нав»-ро мехонед? Ӯ айнан чунин ҷавоб дода буд:
-Агар «Рӯзи нав»-ро нахонам пас чӣ бихонам?

Инро ба он хотир овардам, ки мардум воқеан «Рӯзи нав»-ро дар як паллаи тарозу мегузоштанду тамоми матбуоти дигарро дар паллаи дигараш. Ин нашрия аз пешгомони матбуоти ҳамон вақт буд.

Ҷои таассуф аст, ки дар ҳар давру ҳар замон на ҳама тобу тавони шунидану бардоштани сухани ростинро доранд. Таҳлилҳои воқеӣ ва танқидҳои баҷои Раҷабу ҳамкоронаш ба бархе аз доираҳое, ки қудрат дар панҷаашон буд, намефорид. Онҳо «насиҳат» мекарданд, намешуд ба таҳдид мегузаштанд, вале иродаи Раҷабро шикаста наметавонистанд. Охир нашуд ӯро заданд, бале лату кӯб карданд, то аз роҳи интихобнамудааш баргардад. Вале Раҷаб касе нест, ки ба усулҳо ва ба арзишҳо хиёнат кунад. Аз роҳ барнагашт. То охир рафт. Чопхонаҳоро ҳушдор доданд, ки рӯзномаи Раҷабро чоп накунанд. Раҷаб рӯзномаашро дар хориҷи кишвар чоп кард. Аммо «Рӯзи нав»-ро дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистони демократӣ бе ягон асос ва бе ягон шарҳ мусодира намуданд.

Хулоса ин шуд, ки мақомдорон нагузоштанд «Рӯзи нав» минбаъд рӯи чопро бубинад. Фаъолияти «Рӯзи нав» қатъ шуд. Кормандонаш ногузир парешон шуданд. Як нашрияи касбӣ аз байн рафт. То ҳанӯз дӯстдорони матбуот ҳасрати «Рӯзи нав»-ро мехӯранд. Ҳамон замон журналисти маъруф Додоҷони Атовулло дар бораи Раҷаб чунин гуфта буд: «Раҷаби Мирзо девори тарсеро, ки ин ҳукумат дар тӯли даҳ сол бунёд кард, шикаст».

Воқеан чунин буд ва имрӯз рӯзноманигорон ҷасурона бархе мушкилотро матраҳ мекунанд ё фаъолияти мансабдореро танқид мекунанд, аз он аст, ки девори тарс хеле пештар шикаста аст.

Арз кардем, ки «Рӯзи нав»-ро қудратмандон аз миён бурданд, аммо руҳи озоду озодандеши Раҷабро натавонистанд бишкананд. Раҷаб нашикаст, балки пеш рафт. Худро то ба дараҷаи як таҳлилгари ҷиддӣ ва сиёсатмадор расонд.

Ҳоло Раҷаби Мирзо номзадиашро ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи 39-и ноҳияи Восеъ пешбарӣ намудааст. Мутмаинам, ки мардуми огоҳи Восеъ аз ӯ пуштибонӣ хоҳанд кард. Зеро Раҷаби Мирзо аз як тараф аз тамоми мушкилоти мардуми ноҳия бохабар аст ва аз ҷониби дигар ҷасорати матраҳ намудани ин мушкилотро дар Парлумон дорад. Таҷрибаи зиндагии Раҷаби Мирзо инро кафолат медиҳад.
Мӯҳр
дурусту мардуми Восеъ дастгири мекунанд, аммо овозшуморандахо чи???

Фируз
Мувофикам, аммо накши "Неруи сухан" бештар аз "Рузи нав" буд. Ё "Неруи сухан" буд, ки ба "Рузи нав" рох кушод. Мутассифона, харду дар масири хакикат ва чустучуи адолат нопадид шуданд, илло ба накши модагорашон дар матбуоти точик!

Хайрандеш
Оре, хар шумораи Рузи нав ба дили мардуми точик умеди рузи нав ва фардои дурахшонро ато мекард. Зихи Рачаби Мирзо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)