Бахшҳо

Исломситезӣ аз куҷо маншаъ мегирад? Мусоҳибаи Озодагон бо раиси «Муслиҳини мусалмон»

Хилватшоҳи МАҲМУД

Дамир Усмонович Сироҷиддинов, райиси Ҷунбиши умумирусиягии «Муслиҳини мусалмон» (Мусулмане-миротворцы). Соли 1966 дар Маскав ба дунё омада, техникуми автоматика ва телемеханика, баъдан донишкадаи таъриху бойгониро хатм кардааст. Соли 1998 ҳамроҳ бо ҳаммаслаконаш созмони ҷамъиятиву сиёсии «Рифоҳ»-ро таъсис додааст, ки баъдан ин ташкилот аз ҷумлаи асосгузорони ҳизби ҳокими Русия- «Русияи воҳид» гардид.

Озодагон: Ҳадафи ҳаракати мазкур аз бунёди он чӣ аст?

Сироҷиддинов: Ин созмон дар Маскав сабти ном шуда, аз соли 1998 ба ин сӯ дар саросари Русия беш аз 40 ташкилоти ибтидоии худро дорад ва фаъолияти густурдаашро ба роҳ мондааст. Он вақт созмони мо бо номи «Рифоҳ» (Благоденствие) фаъолият дошт ва дар соли 1999 дар қатори яке аз ҳафт муассисони блоки интихоботии «Ваҳдат» (Единство) қарор гирифт. Таври маълум, аз ин сохтор баъдан ҳизби «Русияи воҳид» (Единая Россия) ташаккул ёфт. Ҳоло қудрати сиёсӣ ва ҳокимият дар Русия дар дасти аъзоёни ҳизби мазкур аст, ки инро шумо хуб медонед.

Озодагон: Яъне, «Рифоҳ» аз асосгузорони ҳизби ҳокими Русия аст?

Сироҷиддинов: Бале. Дар соли 2000-ум Абдурашид Ниёзов, райиси созмон, депутати Думаи давлатӣ интихоб шуд, чанд муддат ман ҳам дар дастгоҳи парлумони вақт кор кардам. Аммо дар иртибот ба қоида ва талаботҳои амалкунанда, созмонҳои таъсисдиҳандаи ин ҳизб бояд пароканда мешуданд ва шомили ҳизб гардида, фаъолияти сиёсиашонро идома медоданд. Мо ба ин розӣ нашудем ва соли 2005 ҳаракатро ба ҷунбиши «Муслиҳини мусалмон» табдил дода, онро дубора номнавис кардем.

Озодагон: Оқои Дамир Усмонович бигӯед, ки тайи муддати фаъолияти ҷунбиши «Муслиҳини мусалмон» ба чӣ муваффақ шуд ва кадом кореро то ҳол анҷом надодаед?

Сироҷиддинов: Бояд бигӯям, дар он солҳо (2000-2005) дар матбуоти русӣ симои мусулмон ва дини Ислом ба таври густурда сиёҳ мешуд, ҷомеъаро аз муслимин метарсонданд, ки мутаасифона ҳоло ҳам дар бархе аз ВАО-и Русия ин падидаи номатлуб ба назар мерасад. Ҷанги дохилӣ ва муқовимати неруҳои низомӣ бо силоҳдорони Чеченистон идома дошт, аз ин фурсат истифода бурда, бадхоҳони ислому ҳангомаҷӯён иддао мекарданд, ки мусулмонон ҳама ҷоро метарконанд, ҷиҳод эълон намуда, ғайриисломиёнро саросар қатл мекунанд, шариати исломиро ҷорӣ мекунанд. Аз ин рӯ, моро зарур буд, ки барои ҷилавгирӣ аз ин гуна сару садоҳои бепоя ва иғвоангез саъй кунем, то тавониста бошем, кореро анҷом бидиҳем, ҳадди аққал дар фазои иттилоотӣ. Мо тасмим гирифтем, ки Исломи азизро дар симои аслиаш ва ҷанбаъҳои инсондӯстиаш ба ҷомеъа нишон диҳем. Ба мардум ва мақомот аз Исломе, ки роҳу равишаш сулҳу амонист ва қатъан мухолифи ҷанг аст, бигӯем, ба онҳо бифаҳмонем, ки вожаҳое амсоли террор ва терроризм ба дини Ислом ҳеч рабте надоранд. Бо ин мақсад соли 2005-ум дар Маскав конфронси байнулмилалӣ баргузор намудем ва як навъ ба ҳадафҳои пешгузоштаамон муваффақ ҳам шудем. Дар маҷмӯъ, тарғиби аҳдофи поки дини мубини Ислом, кӯмак ба бародарони ҳамдину ҳамкеш, пайванд додани фарҳанги исломӣ бо фарҳанги муосир аз аҳдофи аслии ташкилоти мо маҳсуб мегардад.

Озодагон: Ду сол қабл дар Аврупо, аниқтараш дар Норвегия, шаҳрванди ин кишвар –Андерс Брейвик, ки ҳеч пайванде ба ислом надошт, амалеро анҷом дод, ки даҳшаташ ҳанӯз аз дили сокинони он ҷо ва кулли сайёра зудуда нашудааст, назари шумо дар ин бора чӣ аст?

Сироҷиддинов: Худое накарда, агар ин амалро як мусалмон анҷом медод, медонед чӣ шўре дар Аврупо бармехест? Аммо Брейвике, ки ҷамъан 77 нафарро бо силоҳ ва норинҷак ба қатл расонд, на «ифротгаро» ва на «террорист» унвон нашуд. Вобаста ба чанд банди қонуни ҷиноӣ ба ӯ иттиҳомот эълон гардида, барои 21 сол равонаи зиндон шуд. Маврид ба ёдоварист, маъракаи исломситезӣ ва бадбинии мусалмонон дирӯз ва имрӯз оғоз нагардида, аз қабл маншаъ мегирад. Дар Русия бошад, пас аз даргириҳои неруҳои низомӣ ва силоҳдорони Чеченистон дар ду давра, солҳои 1993-1997 ва баъдан дар аввали садаи нав ин маърака ба моҷаро табдил ёфт. Террорист ва терроризм, ё ҳамон ифротгарову даҳшатафкан(ӣ) дину ойин ва миллат надоранд. Онро ҳар хирасаре, ки аз инсонгарӣ ва одамият дур аст, анҷом медиҳад. Дин ба ин вожаҳо умуман иртибот надорад.

Озодагон: Вазъи феълии мусалмонон- бонувони пайрави исломро дар Русия чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Мушкилот доранд, ё хайр?

Сироҷиддинов: Барои духтарону занони мусулмон, ки ҳиҷоб мепӯшанд, алъон дар шаҳри Маскав фазову вазъ на он қадар хуб аст. Наметавонам, бигўям, ки бад аст, аммо хуб ҳам нест. Тасаввур кунед, ки хоҳарони моро дар ҳар қадам пулис тафтиш мекунад, маҷбур мекунанд, ки рӯсарӣ ва ҳиҷобашонро кашанд. Ба тани онҳо даст расонида, гӯё аниқ кардан мехоҳанд, ки оё «камарбанди шаҳид» дар миёни онҳо ҳаст, ё не. Такрор ҳам шавад, мегӯям, ки ин чизҳо барои ислом ва мусалмони ҳақиқӣ бегонаанд. Аммо азбаски мо дар як кишвари сермиллат ба сар мебарему аксари аҳолӣ пайрави дини насронӣ мебошанд, ба ин шеваи мақомот таҳаммул мекунем.
Барои мо зарур аст, ки роҳҳои гуфтугӯи солим ва ҳамзистии осоиштаро пайдо кунем, то дар як фазои мӯътадилу ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми тарафайн ба сар барем.

Озодагон: Теъдоди мусулмонон дар Федератсияи Русияро бархе манбаъҳои омор ҳудуди 20 миллион нишон медиҳанд. Оё сохтори вижае дар ҳукумати вақт ба аққалиятҳои миллӣ ва мусулмонон сару кор дорад?

Сироҷиддинов: Даҳ-дувоздаҳ сол қабл аз ин як чунин сохтор буд, ки роҳбариашро Рамазон Абдулатипов ба зимма дошт, ки баъдтар дар Тоҷикистон сафир таъин шуду ҳоло роҳбари ҷумҳурии Доғистон аст. Аммо имрӯз як чунин вазорати алоҳида, ё кумита вуҷуд надорад. Дуруст аст, ки дар дастгоҳи иҷроияи президент шӯъба ва хадамоти марбута ҳаст, лекин мансабдорони дар ин самт роҳбарикунанда, аслан ашхоси ҳирфаӣ ва огоҳ нестанд. Онҳо аз зовия ва дидгоҳи инфиродиашон ба дини Ислом баҳо медиҳанд, на аз рӯи ҳақиқат ва воқеъият. Аслан, бо мусалмонон ва пайравони дини Ислом бояд касоне сарукор дошта бошанд, ки Исломро донанд, мусалмон бошанд ва ба дарки ҳақиқат расида тавонанд. Пӯшида нест, ки ҳоло бештари мусалмонон аз Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон шаҳрвандии Русияро қабул мекунанд ва теъдоди пайравони дини Ислом дар он ҷо рӯ ба афзудан дорад. Фикр мекунам, шумори мусулмонон дар Русия ҳоло бештар аз он арқом аст, ки омор нишон медиҳад. Мешавад гуфт, ки 21-22 миллион мусалмон дар Русия ба сар мебарад.

Озодагон: Ҳамкории ҷунбиши «Муслиҳини мусалмон» ва умуман ташкилотҳои бо ислом пайванд дошта бо муфтиёти Русия ва Маркази исломии он кишвар дар кадом сатҳ аст?

Сироҷиддинов: Аслан нофаҳмӣ миёни мо вуҷуд надорад. Иртиботи қавӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯ дорем. Ҳаҷми кори мақомоти расмии динӣ зиёд аст, проблемаҳо низ. Аз ҷумла, камбуди ҷои намозгузорӣ (масҷиду хонаҳои махсуси адои фароизи исломӣ) дар Маскаву дигар шаҳрҳои бузург.
Аз ин рӯ мо саъй мекунем, ки робита доимӣ бошаду ба кӯмаки якдигар шароити хуб муҳайё намоем.

Озодагон: Шумо бори аввал ба Тоҷикистон омадед. Он чӣ ки дидед, ба шунидаатон рост меояд?

Сироҷиддинов: Ман барои ширкат дар ҷашни 40-солагии ҲНИТ ба Душанбе даъват шудам. Шурӯъ аз фурудгоҳ то рӯзи маърака ва пазироии мизбон- Муҳиддин Кабирӣ ҳамааш дар сатҳи олӣ буд. Дарвоқеъ, райиси ин ҳизб дипломати касбӣ, сиёсатмадор ва як шахси донишманд аст, ҳарчанд ӯро то ин замон аз наздик намешинохтам. Иродаи қавӣ ва тафаккури созанда дорад. Ҷомеъа ба чунин одамон ниёз дорад.
Мову ҳамроҳонам пойтахти Тоҷикистонро зебову ороста ва як шаҳри озода дарёфтем. Мардумони шумо ниҳоят меҳмоннавозу дилкушоданд, ин чиз мутаасифона дар Маскав дида намешавад. Ин ҷо ҳамаи имкониятҳои барои ба роҳ мондани тиҷорати бахши ҷаҳонгардӣ ҳаст, ба ин тарафи масъала бояд таваҷҷӯҳ кард. Табиати зебову нотакрор доред, ҳавои кишвари шумо фораму роҳатбахш аст.

Озодагон: Роҳбари як ҳизби сиёсӣ дар Русия аснои суханронӣ дар барномаи телевизионӣ унвонии муҳоҷирони тоҷик ва раҳбарияти кишвари мо ҳарфҳои пасту баланд гуфт, ки албатта шумо аз он огоҳӣ доред. Оё ӯ ин ҳақро дошт?

Сироҷиддинов: Ҳа, Жириновскийро мегӯед…(механдад). Владимир Волфович гоҳ-гоҳ чизҳое мегӯяд, ки ҳатто худаш намедонад, ки чӣ мегӯяд. Суханони ӯ моро ва шуморо ҳам бояд ба ҳайрат наоварад. Муносибати ду кишварро намешавад барои ҳарфи як сиёсатмадоре чун Жириновский хатчадор кард. Ба Жириновский ин ҳақро ҳеч кас надодааст, ки бигӯяд: «Толибон ба Душанбе меоянду шаҳрро поймол ва Раҳмонро ба дор меовезанд». Ӯ бештар ҳарфҳои подарҳаво ва ноҷо мегӯяд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)