Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:33

Навори ғалтидани президентро аз телефонҳо тоза мекунанд (ВИДЕО)

2 май 2013, 16:59

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Ашқобод мусофирони ба хориҷ сафар дошта мавриди ковтукови шадиди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амниятии Туркманистон қарор доранд.

Тавре бархе аз расонаҳои туркманӣ иттилоъ медиҳанд, дар фурудгоҳи Ашқобод телефонҳои мобилӣ, ноутбук ва дурбинҳои мусофиронро як ба як аз назар гузаронида истодаанд. Ба иттилои манбаъ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амниятии Туркманистон талош доранд, то акс ё навори аз болои асп ба замин афтидани Қурбонқул Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури ин кишварро ба хориҷ бурда нашавад.

Ёдрас менамоем, ки қаблан расонаҳои туркманӣ хабар доданд, ки Бердимуҳаммадов рӯзи 28-уми апрел дар мусобиқаи аспдавонӣ дар ҷашни бахшида ба “Аспи туркманӣ” ширкат ва ҷойи аввалро ишғол намуда, бо 11 миллион доллари амрикоӣ қадрдонӣ шуд. Вале баъдтар дар навори пешниҳодкардаи EurasiaNet.org дида мешавад, ки президент баъди аз марра гузаштан аз асп меафтад ва чанд лаҳза беҳаракат мехобад. Вазирон ва кормандони хадамоти амниятии Бердимуҳаммадов зуд назди ӯ ҷамъ меоянду бо мошини «Ёрии таъҷилӣ» ба беморхонааш мебаранд. Ба навиштаи EurasiaNet.org, тақрибан як соат тамоми иштирокчиёни мусобиқа дар ҷойҳои худ нишастанд. Касе намедонист, ки райиси ҷумҳур зинда аст ё на.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованд худнамоиш медодаги одамхоро хамин хел мезанад. Ба ин диктатори чавон хам заминро нишон дод.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
некем зур галтид

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!