Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:09

Бародарон дар ноҳияи Ёвон ба куштор муттаҳам мешаванд

2 май 2013, 17:19

Мақомоти пулиси ноҳияи Ёвон бародарон Сафаралӣ Қулматови 27- сола ва Собир Қулматови 21- сола, сокинони деҳаи Парчасойи ин ноҳияро бо иттиҳоми куштор боздошт кардаанд.

Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин бародарон дар назди хонаашон бо ҳамдеҳаашон Алишер Турдиеви 30-сола муноқиша намуда, ӯро бо олоти бурандаю халанда як маротиба ба тарафи қисми рости шикамаш задаааст.

Масъулини умури дохилӣ мегӯянд, аз ҷароҳатҳои бардошта Алишер Турдиев дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Ба иттилои мақомот айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддаи 104, қисми 2, бандҳои «з», «к»-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!