Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 21:32

Пул биёреду баъд ба дарс дароед!?

3 май 2013, 11:06

Алишер ЗАРИФӢ

Як гурӯҳ сокинони маҳаллаи Истиқлоли ноҳияи Рӯдакӣ мегӯянд, Гулнора Меликова, директори мактаби №15- ин ноҳия ба таври ғайриқонунӣ аз фарзандҳояшон пул талаб мекунад, ки ин амали ғайриқонунии ӯ онҳоро нигарон сохтааст.

Муҳибулло Раҳмонов, ки 4 фарзандаш дар ин мактаб таҳсил мекунад, дар сӯҳбат ба «Озодагон» гуфт, дар ин мактаб таҳсил ройгон аст, аммо рӯзҳое ҳам буд, ки ки барои маблағ напардохтан фарзандҳояшро аз мактаб пеш кардаанду онҳо гирён ба хона баргаштанд.

Номбурда илова кард, ки давоми ҳар моҳ дар мактаб аз фарзандонаш 10 сомонӣ, аз 4 нафар 40 сомонӣ талаб мекунанд, аммо намедонад, ин маблағҳо дар куҷо сарф мешаванд: «Ҳоло кӯдакҳо мегӯянд, то пул надиҳед мактаб намеравем дигар. То мактаб 3 километр роҳ аст ва вақте онҳоро пеш мекунанд дигар ба мактаб барнамегарданд. Ба фарзандонамон мегӯянд, аввал рафта пул биёред, баъд ба дарс биёед».

Ин мусоҳибамон иброз дошт, ки ҳоло шикояти волидайни хонандагон аз ин гуна амалҳои директор ҷиҳати иҷборан пул талаб кардан аз фарзандҳояшон зиёд шуда истодааст.

Муҳибулло Раҳмонов таъкид кард, ки Гулнора Меликова аз вақти ба вазифаи сарварии ин мактаб таъин шуданаш (тақрибан 3-4 сол) боз аз хонандагон пул талаб мекунад, ки онҳо маҷбур шуданд дар соли 2012 ба Вазорати маориф барои ҳалли ин масъала ариза ирсол намоянд. Гурӯҳи волидайни хонандагон, ки ҳудуди 16 нафарро ташкил медиҳад, дар аризаи худ аз масъулини маориф хоҳиш намудаанд, ки директори мактаб аз гирифтани пули хонандагон даст кашад.

Вазорати маориф дар ҷавоб ба аризаи онҳо гуфтааст, ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор додаанд ва директори мактаб Гулнора Меликова нисбати камбудиҳои дар ариза ҷойдошта огоҳонида шудааст.

Як падари хонандаи дигари ин мактаб, ки худро Пӯлод муаррифӣ кард, гуфт соли гузашта намояндагони Вазорати маориф баъди ирсоли ариза ба мактаб омаданд ва ба директор гуфта буданд, ки аз хонандагон дигар пул нагирад.

Ба қавли ин ҳамсуҳбатамон, баъди мулоқоти намояндагони Вазорати маориф директри мактаб як муддат аз гирифтани пул даст кашида буд, аммо аз январи ҳамин сол боз пулҷамъкуниро оғоз кардааст.

Гулнора Меликова, директори мактаби №15 ғайриқонунӣ аз хонандагон пул талаб карданашро рад намуда, мегӯяд, ӯ дар асоси шартнома миёни мактаб ва волидайн аз хонандагон пул мегирад: «Пуле, ки мо мегирем маоши омӯзгоронро медиҳем, барои дарсҳои иловагӣ ба омӯзгорон пул медиҳем, андози 13%-и давлатро медиҳем. Касе, ки хоҳиш надорад шартнома имзо накунад ва пул ҳам наорад. Мо касеро маҷбур намекунем».

Ин дар ҳолест, ки зимни баромаданам аз ин мактаб бо як хонандаи синфи 8-и мактаби мазкур суҳбат намудам, ки новобаста аз хоҳишашон, маҷбурӣ пул талаб кардани роҳбарияти мактабро тасдиқ намуда гуфт, «доимо ба мо мегӯянд пул биёред».

Падари як хонандаи ин мактаб ин гуфтаҳоро тасдиқ намуда, илова кард, ки аз мактаб варақаи шартнома миёни волидайн ва мактабро ба дасти фарзандонашон медиҳанд ва мегӯянд, ки «ба падару модаратон гӯед, дар ин шартнома имзо гузоранд».

Маврид ба зикр аст, ки дар мактаби таҳсилоти умумии №15-и ноҳияи Рӯдакӣ 2500 хонанда таҳсил намуда, ба қавли директори ин мактаб 700 нафари онҳо тариқи шарнома ба дарсҳои иловагӣ фаро гирифта шудаанд.

Ҳоло волидайни хонандагон тасмим гирифтаанд, аз рӯи амалҳои директори ин мактаб ба Прокурори генералии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои дахлдор шикоят баранд. Аммо то куҷо ин масъала аз ҷониби масъулин ҷиддӣ гирифта мешавад ва сари он чораҷуӣ менамоянд, инро вақт нишон хоҳад дод.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бале рост аст дар Панчакент хам ах хар як хонанда 10-15 сомони талаб менамоянд вале намедонем ки ин пулхо ба кучо мераванд
Посух додан
  • Падар

  • 3 май 2013 15:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бовар кунед ин кадар мафияи ин муаллимхо ва мактабхо кави шудааст, ки дигар бо хеч рох намешавад пеши онро гирифт ё пул медихед ё фарзандаторнро аз мактаб мегиред. Бадбахти дар он аст, ки ин кори муаллимхо ба рухияи талабхо таъсири бисёр манфи гузоштааст, агар касе пул набарад дар миёни талабахо бо тахкири муаллиму муаллимахо ру ба ру мешавад ва ба хамин хотир хамму гами талабахо факат кай пул бурдан ба мактаб шудааст. Илтимос ба доди ин мардум расед, вахорати маориф парвои ин кор надорад. агар касе шикоят кунад дигар фарзандаш дар он мактаб хонда наметавонад. Агар вазъ хамин хел идома кунад дар сохои баъди мо як насли бесавод хохем дошт, ки то чандин дахсолахои дигар дар Росия гуломи мекунанд.
Посух додан
  • Рустам

  • 4 май 2013 10:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон дар хакикат Озод буди, аз Радиои Озоди гузарониди!!! Радио Озоди хамин хел матлабро нашр карда хамон руз аз сайташ тарсида гирфт!!! Номи маколааш Мактабхо банкрот мекунанд ном дошт ва Google то хол нишон медихад. Хамаи Мактабхо пул мегиранд, мачбуран шартнома мефиристанд, ки имзо накунад ба холаш дар мачлис падару модарон механданд!!!!
Посух додан
  • Рустам

  • 4 май 2013 20:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин макола 4 руз пеш дар Радиои Озоди буд, тарсида гирифт: "Мактаб оилаҳои камбизоатро банкрот мекунад"
www.ozodi.org/.../tajik.../24972515.html
4 days ago – "Бовар кунед, ҷонамон ба лабамон омадааст аз дасти устодони мактабҳо.

Инчоро бинед Гугл нишон медихад чи хел Радиои Озод нест
https://www.google.com/search?q=мактаб+банкрот+мекунанд
Посух додан
  • Махина

  • 6 сентябр 2014 15:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамаи гуфтахои бародарону хохарон як вокеият аст, ки мардум ба дод омадааст. Дар хамин нохияи Рудаки бесохиби дар тамоми сохаш аз заминфуруши то дигар сохахои мухими хаёт бо тамоми тантана Хукмрони дорад.Мудири маориф бошад холо ба фикрам танхо дар гами худаш аст ва бо директорн танхо накшахои худро амали мекунанд. Чаро ба донишу илм касе таваччух намекунад, кучост шарафу обруи баъзе аз директорон, ки барои мушарраф шудани хонандагон дар озмунхо, гирфтани медал ва шаходатномахои сурх талош кунанд. Аз дахони баъзе омузгорон танхо толибилмон суханхои кабех мешунаванд ва мехру суханронии устодонаи омузгор дигар кариб нест. Кудак хамеша кудак намемонад ва хар гуна муносибате ки устод мекунад дар оянда дар хотираи шогирдон хамон гуна боки мемонад. Онхо низ шояд шахсиятхои хуб шаванд. Охир устод касест, ки доираи зиёди чамъияти атрофаш бо у мемонад ва уро мешиносад. Пас аз имруз боандеша бошед. Ман бовар дорам ки ин суханхо ва суханхои бародарони дигар ба онхо таъсир хам намерасонад.Бехуда нагуфтаанд, ки аз хама касби душвор ин инсон будан аст. Илтимос Озодагон чоп кунед.

Мисли Гулнора Меликова зиёд аст, хусусан дар хамин нохияи Рудаки. Хеч кас пеши рохи ин бедодиро гирифта наметавонад. Акнун барои чунин афрод боз бахонаи нави пулчамъкуни огоз гардид. ба кавле сезон сар шуд. Либоси мактабии ягона ва рузномахои навбаромад. Мачбури ки ин либос ва рузномахоро харид куни, набошад аз мактаб пеш мекунанд. Тахдиди нав барои фарзанди бечораи точик пайдо шуд. Яъне то хатми мактаб бечора кудак дили ларзон ба мактаб меравад. Аз тарс ба сараш илм намегунчад дигар. Либос ягона аст, хеле хуб, зебову шинам, аммо сифаташ чи, ва нарх оё ба хама рост аст? охир аз он хаво намегузарад, фарзанди оне ки хамонро истехсол мекунад ва ё мансабдору имкондор аст, онро ба бар мекунад? не албатта. Инсоф дар кучо аст? Хитойи чиву истехсоли ватани чи пас. Агар дили мо ба фарзанди миллат насузад, кучост дигар мусулмонии мо. Рузномахоро то огози мактаб аксаран бо нархи 5 сомон харидаанд. Акнун мачбур дубора ва бо тахдиди навбати модарону падарон бо сар хам онро аз директорон 7 сомони мехаранд. Дар вакти карор баровардан касе аз волидон намепурсад ва вазъи зиндагии мардум ба инобат гирифта намешавад.Яъне хукукхо поймол мегардад!!!!!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!