Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:29

Президент: Интихобот бояд шаффоф ва озод сурат бигирад

11 июл 2011, 05:42

Ҷаласаи Комиссияи Марказии Интихобот ва раъйпурсии Туркманистон дар шаҳри Ашқобод сурат пазируфт, ки зимни он масъалаи омодагӣ ба интихоботи райисҷумҳур дар соли 2012 баррасӣ гардид.


Дар ин бора хабаргузории Trend иттилоъ медиҳад. Бино ба қавли манбаъ, дар ин нишаст аъзоёни КМИР, ҳайати корӣ ва масъулини комиссияҳои вилоятӣ ва шаҳрии ин ниҳод ширкат доштанд.
Тибқи қонуни  «Дар бораи интихоботи Туркманистон» ҳайати КМИР ва аъзоёни он баррасӣ ва тасдиқ гардиданд. «Теъдоди  умумии аъзоён 66 нафарро ташкил дод, ки аз ин шумул 26 нафарашон занон мебошанд, ки ин амал бозгӯяндаи баробарҳуқуқии зану мард  дар ҷомеъаи навини Туркманистон аст ва мутобиқи меъёрҳои байналмилалии гендерӣ мебошад»,- гуфта шудааст дар иттилоияи ин ниҳод.Асомии номзадҳо ба ҳайати комиссия аз сӯи ҳаракати умумилии «Галкиниш» пешниҳод гардидаанд. Гуфта мешавад, ба ин ташкилоти саросарӣ, ҳизбу созмонҳое аз қабили ҳизби демократии Туркманистон, маркази миллии иттифоқҳои касаба, шӯрои бонувони Туркманистон, шӯрои ҷавонони Туркманистон ба номи Махтумқулӣ шомиланд.
Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дар ҷаласаи ахири ҳукумат дар ҳузури масъулини баландпояи кишвараш ба ин мавзӯъ дахл карда гуфт, интихоботи қарибулвуқӯъи райисҷумҳур дар кишвар бояд шаффоф ва дар фазои озод сурат бигирад.
Маврид ба ёдоварист, тибқи Сарқонуни ин кишвар президенти Туркманистон танҳо шаҳрванде интихоб шуда метавонад, ки дар он ҷо ба дунё омада бошад, сину солаш аз 40 хурд ва аз 70-сола калон набошад. Ба замми ин бо забони туркманӣ озод ҳарф занад ва тайи 15-соли ахир дар Туркманистон зиндагӣ ва кор карда бошад. Мӯҳлати як давраи президент дар ин ҷумҳурӣ 5 сол муайян шудааст. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!