Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:16

Иттиҳоди Аврупо аз ҳукуматҳо хост, рӯзноманигоронро таъқиб накунанд

3 май 2013, 16:24

Иттиҳоди Аврупо аз ҳукуматдорони кишварҳои ҷаҳон даъват ба амал овардааст, то барои фаъолияти хабарнигорон дар фазои амният ва бидуни сонсуру таъқиби додгоҳӣ шароити мусоидеро фароҳам оварад.

Ин нуктаро Кетрин Эштон, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар изҳороти худ бахшида ба Рўзи байналмиллалии озодии баён зикр кардааст. Иттиҳоди Аврупо ҷонибдори матбуоти мустақил дар ҳар ҷомеаи мутамаддин буда, афзоиши таҳдид, зўроварӣ ва сензураро барои хабарнигорон маҳкум мекунад.

«Дар 20-умин солгарди рўзи ҷаҳонии матбуот Итиҳоди Аврупо барои хабарнигороне, ки барои иҷрои рисолати касбӣ ҷони хешро дар хатар мегузоранд, сар фуруд оварда, ҳамеша аз озодии баёни ҳузурӣ (online) ва ё ғайриҳузурӣ (offline) ҳимоят хоҳад кард. Фанновариҳои ҷадид барои пешбарии ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи демократӣ нақши муҳим дошта, Иттиҳоди Аврупо талош хоҳад кард, то хабарнигорон вазифаи худро бидуни монеа ба анҷом расонанд», омадааст дар изҳороти Кетрин Эштон.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!