Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 01:00

Андӣ: “Аз дӯстони тоҷикам хоҳиш мекунам, бо лаҳҷаи тоҷикӣ суҳбат кунанд”

3 май 2013, 18:22

Андӣ Мададиён, хонандаи пуровозаи эронии муқими Амрико, мегӯяд, дар консерти рӯзи якшанбе (5 май) таронаи «Бародари ҳамзабон»-ро ҳамроҳ бо Ҷонибек Муродов, Садриддини Наҷмиддин, Рустами Нур ва Шабнами Сурайё иҷро хоҳад кард.

«Бародари ҳамзабон», ки Андӣ ҳамроҳ бо Рустами Нур ва Эҳсон, як хонандаи афғон иҷро кардааст, соли 2010 дар Амрико сабт шудааст. Матни он ба Ҳасани Чилла, ҳунарманди тоҷик, мутааллиқ аст. Андӣ мегӯяд, ин аввалин бор хоҳад буд, ки бо Рустам ва дигар хонандаҳои тоҷик рӯи саҳна якҷоя тарона мехонад: “Солҳост, ки бо Садриддин ва Шабнам дӯст ҳастем, аммо якҷоя рӯйи саҳна набудем. Аз ин хотир хеле ҳаяҷонзада ҳастам.”

Консерти муштараки Андӣ бо Ҷонибек Муродов 5-уми май дар Кохи Ваҳдат баргузор мешавад. Андӣ Мададиён дар нишасти хабарие рӯзи севуми май дар Душанбе гуфт, ин барномаи ҳунарӣ ба сурати зинда ё бидуни фонограмма иҷро хоҳад шуд: “Дар Осиё мардум одат кардаанд, ки фонограмма гӯш кунанд. Оркестри ман ҳамааш зинда аст, ман дӯст дорам, ки дар консертҳо дар рӯ ба рӯи ҳаводорон зинда таронасароӣ кунам.”

Андӣ мегӯяд, дар ин консерт чанд таронаи ахиран таҳияшударо иҷро мекунад, аммо бештар оҳангҳои қадимӣ (куҳна), ки ба қавли ӯ ба мардуми тоҷик писанд аст, суруда мешаванд.



«Бузургтарин орзуям ба Эрон рафтан аст»

Вақте аз Андӣ дар мавриди орзӯҳояш пурсиданд, гуфт, «онҳо зиёданд ва Худоро шукр яке-яке ба онҳо мерасам. Ман тамоми дунё мусофират меравам аз наздик мардумро мебинам. Орзуи бузурги ман ин аст, ки як рӯз тавонам ба Эрон баргардам, назди ҳамватанон.”

Ин овозхони маъруф мегӯяд, матни бештари таронаҳои ӯ ба Поксимо Закипур мутаалиқ аст. “Бо таронасароҳои дигар низ кор мекунам, аммо бо Поксимо дӯсти наздикем ва ӯ пастиву баландиҳои зиндагии маро медонад. Вақте матн менависад аз рӯи зиндагии ман, аз рӯйи хусусиёти ахлоқии ман, аз рӯйи пасту баландиҳои зиндагии ман месарояд. Дар натиҷа ин таронаҳо бештар ба қалби ман наздиктар мешаванд. Фикр мекунам, далели муваффақияти ман ҳам ин буда, ки мардум оҳангҳоеро ки мехонам, бовар мекунанд, ки аз сидқ мехонам”,-афзуд ӯ.

«Консерти оянда бо хонандаҳои тоҷик оҳанги ҷадид мехонем»

Ба гуфтаи Андӣ як рӯзи пеш бо чанд таронанавис ва овозхони тоҷик ошноӣ пайдо кардаанд ва тасмим ин шуда, ки бо онҳо ҳамкорӣ намоянд: «Интернет кори моро содда кардааст ва метавонем ба роҳатӣ аз Амрико то Душанбе бо ҳам кор кунем. То консерти баъдӣ, ки бармегардем Тоҷикистон иншоолоҳ оҳанги ҷадиде хоҳем дошт бо хонандаҳои тоҷик».

«Аз дӯстони тоҷикам хоҳиш мекунам, бо лаҳҷаи тоҷикӣ суҳбат кунанд»

Андӣ мегӯяд, агар барояш матни хуб пешниҳод шавад, фарқ намекунад, ки он бо лаҳҷаи тоҷикист ё эронӣ. Ӯ афзуд, лаҳҷаи тоҷикӣ барояш писанд аст: «Ҳар вақт дӯстони тоҷикамро мебинам, онҳо мехоҳанд бо манн бо забони форсӣ суҳбат кунанд, аммо ман исрор мекунам, к ибо заьбони тоҷикӣ суҳбат кунанд, чун ин лаҳҷа хеле ширин аст».

Андӣ Мададиён дар гузашта низ ду бор меҳмони Тоҷикистон буд ва дар минтақаҳои шимолу ҷануби ин кишвар консерт баргузор кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
корбунит бирам Андичун, то хам бегонапарастии мо точикунро эхсос карди? маге не, азизанам?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дустони азиз, агар бори дигар Анди Мададиён, овозхони арманитабори эронии мукими Амрикоро дидед, барош бигуед: Лахчаи точики вучуд надорад, бал забони точики аст. Забони форси- точики- дари. Лахча мешавад: Хучанди, гарми, вахёи, помери, кулоби, зарафшони ва гайра, ки хамаи инхо вориди забони ноби точикианд
Посух додан
  • Умарали

  • 29 июл 2014 12:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гули ванчи лахчаи ванчи вучуд надорад дар забон он лахчаи точикии дарвози ном дорад на ванчи.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!