Бахшҳо

"Моддаи марбут ба таҳқири президентро бояд ба Кодекси шаҳрвандӣ кӯчонанд"

Ҳумайрои БАХТИЁР

Созмонҳои журналистии Тоҷикистон, ҳуқуқдонҳо ва намояндагони расонаҳои хабарӣ дар як нишасти бахшида ба рӯзи ҷаҳонии озодии баён дар Душанбе хостанд, банди марбут ба таҳқири раисиҷумҳур (137) аз Кодекси ҷиноӣ ҳазф гардад. Ҳамчунин онҳо тақозо карданд, банди 330-и қонуни ҷиноии Тоҷикистон ба қонуни шаҳрвандӣ кӯчонда шавад. Хабарнигори “Озодагон” аз ҳуқуқдони тоҷик Ҷунайд Ибодов пурсид, ки иллати боқӣ мондани бандҳои 137 ва 330 дар қонуни ҷиноӣ чист ва оё ба фаъолияти озодонаи хабарнигорон монеае эҷод намекунад?


Ҷунайд Ибодов: “Ҳамаи он моддаҳое, ки ба ҷазои ҷиноӣ марбут ҳастанду имкони ба ҷавобгарӣ кашидани кормандони ВАО-ро дорад, бояд бе истисно ҳалли худро пайдо мекарданд. Дар умум, дар Кодекси ҷиноӣ 4 модда мавҷуд аст, ки ба ҳамин масъала бахшида шудааст. Ин моддаҳои 135, 136, 137 ва 330 мебошад. Замони кӯчондани моддаҳои 135 ва 136 аз қонуни ҷиноӣ ба қонуни шаҳрвандӣ бояд ду моддаи дигар ҳам ба қонуни шаҳрвандӣ гузаронида мешуд. Дар он замон мо метавонистем дар мавриди озодии матбуот дар кишвар сӯҳбат дошта бошем. Вале, дар ниҳояти кор вазъият чунин шуд, ки парлумони Тоҷикистон танҳо ду моддаи аввалро мавриди баррасӣ қарор дода, онро аз қонуни ҷиноӣ бекор кард. Эҳтимол вакилон аз мавҷудият ва мухолифати бандҳои 137 ва 330 барои фаъолияти озодонаи расонаҳои хабарӣ иттилофи кофӣ надоштанд. Моддаи 330 маънои онро дорад, ки ҳар шаҳрванди қаторӣ дар баробари таҳқир шунидан ҳуқуқи ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани мансабдоронро надошта, аммо амалдорон ҳуқуқ доранд, то дар ин гуна ҳолатҳо нисбат ба шаҳрвандони оддӣ шикоят бубаранд. Ин нобаробарӣ ва беадолатӣ дар шакли бениҳоят тезутунд мебошад. Зеро Қонуни асосӣ кафолат додааст, ки ҳама дар назди қонунгузорӣ ва додгоҳ баробар ҳастанд. Аз ин лиҳоз, ин масъала бояд дар наздиктарин фурсат ба баррасӣ гирифта шавад. Вакилони парлумон метавонанд дар ин маврид ташаббус нишон бидиҳанд ва пешниҳоди коршиносонро мавриди баррасӣ қарор бидиҳанд.”

Озодагон: Бо таваҷҷуҳ ба фаъолияти имрӯзаи парлумон метавон умед баст, ки Маҷлиси Намояндагон чунин ташаббусро нишон хоҳанд дод?

Ҷунайд Ибодов: “Бояд гуфт, агар ҳукумат ин корро анҷом надиҳад, ин бар зарари обрӯ ва нуфузи давлат хоҳад буд. Албатта, то имрӯз 98 ва ҳатто 99 дарсади қавонини парлумон қабул карда, аз ҷониби ҳукумат ироа шудааст. Аз ҳамин хотир, беҳтар мебуд, агар бо роҳе расонаҳо ҳукуматро аз манфиати бекор кардани ин бандҳо огоҳ бикунанд. Ҳукуматро ба ин кор бояд ҷалб кард.”

Озодагон: Расонаҳои хабарӣ аз кадом роҳ метавонанд ҳукуматро барои ислоҳи ин бандҳо ҷалб кунанд?

Ҷунайд Ибодов: “Матбуоти даврӣ нисбат ба ин моддаҳо бояд бештар бинависад. Шояд давраҳои омӯзишӣ, конфронсҳо ҳам баргузор намоянд. Таблиғот барои бекор кардани моддаҳои 137 ва 330 бояд густарда ба роҳ монда шавад. Танҳо дар ин сурат метавон ҳукуматро аз мушкили мавҷудияти моддаҳои мазкур огоҳ кард. Агар ҳукумат огоҳ шавад, ҳатман қабул хоҳад кард. Набояд фаромӯш кард, ки мавҷудияти моддаҳои 137 ва 330 ин беадолатии ғаразнок нисбат ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мебошад.”
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)