Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:52

ВКД дар бораи боздошти се нафари наздик ба Мирзохӯҷа Аҳмадов

4 май 2013, 09:43

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе боздошти се нафари наздик ба гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов, собиқ фармондеҳи ИНОТ-ро дар минтақаи Рашт шарҳ дод.

Маҳмадулло Асадуллоев, масъули дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ, мегӯяд, ин афрод барои нигаҳдории силоҳу муомилоти маводи мухаддир рӯзи 22-юми марти соли ҷорӣ боздошт ва нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба гуфтаи Асадуллоев ин се нафар -- Шоҳиҷангиев Абдулҳамид Абдураҳмонович (соли таваллуд - 1979), Муминов Раҳматулло Ятимович (соли таваллуд - 1966) ва Ҳакимов Қамараддин Абдуллоевич (соли таваллуд - 1967), сокинони ноҳияи Рашт, мебошанд. Вай дар шарҳи боздошти афрод гуфт, "ҳангоми тафтиши манзили истиқоматии Шоҳиҷангиев аз дохили ҷевони ошхона 1 туфангчаи тамғаи «Макаров» бо 3 тирдон ва 61 дона тир, 5 адад тири қутраш 70 милиметраи карабин, 4 адад норинҷаки дастии РГД-5 ва 8 дона қаламчаи воситаи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.”

“Аз манзили истиқоматии Муминов Раҳматулло ва махфигоҳи ба ӯ тааллуқ дошта, 1 адад автомати тамғаи «Калашников» ва 14 тирдон, 6 норинҷак ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфту мусодира гардида, ӯ инчунин дар содир намудани дигар ҷиноятҳои вазнин гумонбар дониста мешавад”,-илова крад ӯ.

Маҳмадулло Асадуллоев мегӯяд, Ҳакимов Қамараддин низ дар нигоҳдории ғайриқонунии яроқу лавозимоти ҷангӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона гумонбар дониста мешавад.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл Мирзохӯҷа Аҳмадов, яке аз фармондеҳони собиқи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик, бо нигаронӣ гуфта буд, ки “шикор”-и афроди наздик ба гурӯҳи ӯ оғоз ёфтааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, афроде ки ҳоло боздошт шудаанд, дар гузашта мавриди авф қарор гирифта буданд. Вай боздошти онҳоро ба далели нигаҳдории аслиҳа ва муомилоти маводи мухаддир бофтаву сохта медонад.

Номи Мирзохӯҷа Аҳмадов соли 2010, ҳангоми амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Рашт, вирди забонҳо шуд. Аввал мақомот ӯро дар куштори сарбозони Вазорати дифоъ дар Камароб муттаҳам карданд, аммо баъдан ӯ худи ӯ барои кумак ба нерӯҳои давлатӣ пайвасту алайҳи мухолифони мусаллаҳ сангар гирифт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!