Бахшҳо

Донишмандони тоҷик ба рейтинги The Prospect шомил нашуданд

Ҳеч як донишманди тоҷик ба феҳрасти мутафаккирони маъруфи соли 2013 роҳ наёфтааст.

Маҷаллаи “The Prospect”-и Бритониё бар пояи назарпурсии беш аз 10 ҳазор нафар аз 100 кишвари ҷаҳон рейтинги ҷаҳонии маъруфтарин мутафаккиронро тартиб додаст. Дар ин миён исми ҳеч тоҷике дида намешавад.

Баландтарин мақомро дар ин феҳраст аз миёни кишварҳои минтақа Афғонистон соҳиб шудааст. Доктор Ашраф Ғанӣ Аҳмадзой, вазири собиқи молияи ин кишвар, зинаи дуюмро муаррифӣ мекунад. Дар матлаби маҷалла гуфта мешавад, ки кам донишмандоне муваффақ мешаванд, идеяҳои худро дар амал татбиқ намоянд ва доктор Ашраф аз ҳамон қабил аст.

Бино ба иттилои телевизиони давлатии Афғонистон доктор Ашраф Ғанӣ Аҳмадзой баъди даҳсолаҳои фаъолияти академӣ дар Колумбия ва Беркли маҳз ба хотири дар амал татбиқ кардани идеяҳояш ба ватан баргашта, ба маснади вазири молия нишаст. «Ӯ ба ҳайси ёвари СММ ҳам фаъолият дошт ва ҳоло дар Комиссия оид ба ҳамоҳангсозии интиқоли қудрат ба артиши Афғонистон кор мекунад ва Пажуҳишгоҳи давлатии баҳравариро низ роҳбарӣ дорад. Ба ҷуз ин, масоили буҳрон дар Сурияро пажуҳиш мекунад",-хабар медиҳад манбаъ.

Зинаи аввали рейтинги мутафаккирони маъруфи соли 2013 насиби Ричард Докинз, донишманди бахши биологияи Оксфорд шудааст. Дар ҷои сеюм профессор Стивен Пинкер аз Гарвард қарор дорад.

Алӣ Алавӣ, вазири савдои Ироқ, Пол Крюгман, иқдисоддони шинохта, Славож Жижек, донишманд, Амартиа Сен, лаурети ҷоизаи Нобел аз Ҳиндустон, Питер Хиггс, физики англис, Ал-Бародаӣ, роҳбари собиқи Оҷонси байналмиллалии энержии ҳастаии СММ (МАГАТЭ) ва Дэниэл Каннеман, равоншинос шомили даҳгонаи рейтинги маҷаллаи «The Prospect»-и Бритониё шудаанд.

Дар даҳгонаи аввал се нафаре шомиланд, ки барои рушди ҷаҳони ислом нақши муассире доштаанд.

Аммо аз Тоҷикистон касе нест. Воқеан, исми Тоҷикистон танҳо вориди феҳрастҳое мешавад, ки дар он кишварҳои худкома, ноозод ва фақир гирдоварӣ шудаанд.

Дар рейтинги маҷаллаи амрикоии «Foreign Policy», ки 500 қудратмандтарин шахсиятҳои ҷаҳонро нашр кардааст, номи Тоҷикистонро намебинем. Танҳо дар соли сипаришуда Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар вориди феҳрасти «500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон» шуд, ки Маркази салтанатии тадқиқоти стратегии исломӣ дар Уммон тартиб дод.
Мӯҳр
Али
Ун Ашрафгани Ахмадзайтона ука реклама накунед. Ун яке аз рахбарони Хизби фошистии Афгонмилат аст, ки хадафи асосияш нест кардани точикон аз Афгонистон мебошад

Инам як версия набоядам донишмандони точик шомил шавад, хамин Рахмонови каблуку Саидови хичоб))))

беанзир
Бечора олимони мо 500 сомонии кор кардагиша рохкиро кунад, ё ба фарзандояш чизе харад, ба худаш сарф кунад ва хуроки гирад, хайрон! Дар Академия хама мусафедони аз чахони имруза бехабар афсонахои кухнаашонро сиёху сафед карда шиштаанд. Ба чавонон рох нест. Чавонон ба ин маош ба илм наздик намешаванд. Муздурию мухочират ояндаи миллати точик аст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)