Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:22

Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Аммо кадом Ватан?

4 май 2013, 15:03

Замони кӯдакии мо дар пештоқи дари ҳамсояамон ин навиштаро мехкӯб карда буданд: “Хонаи истиқоматии иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ -- Беков Ҷангӣ”. Ин навишта чунон бо як ваҷоҳат ва ҳашамате ба мо таъсир гузошта буд, ки ҳар рӯз барои бори дигар дидану хондани ҳамин як ибораи хушку қолабиву расмӣ кӯшиш мекардем, ба хонаи ҳамсояамон биравем.

Баъдтар, замоне бузургтар шудем, фаҳмидем, ки дар пештоқи дари ҳар се иштирокчии ин ҷанг аз деҳаи мо, чунин як лавҳа будааст.

Замони мактабхонӣ дар китобҳои дарсӣ тавсиф ва образи ин ҷанг ба шакле тасвир шуда буд, ки воқеан ба Шӯравӣ сано мехондем ва имрӯз ҳам сано мехонем. Вале баъдтар чун моҳияти истиқлол ва худи миллатро шинохтам, ба истифодаи ибораи Ҷанги Бузурги Ватани (фақат ба ибора, ба худи ҷанг не!) ихтилофи назар пайдо шуд. Ин радду бадалро бо як дӯсти донишмандам, ки дар заминаи манфиатҳои миллӣ машғули кори илмист, дар миён гузоштам ва ӯ низ ба мавқеи ман мувофиқ шуд.

Яъне, баҳси мо фақат баҳси забоншиносӣ нест, балки як баҳси сиёсӣ мабнӣ бар фалсафаи сиёсист. Чун имрӯзҳо дар ростои Рӯзи ғалабаи Шӯравӣ бар Олмон дар Ҷанги ҷаҳонии дувум қарор дорем, истифодаи як ибора бисёр нохушоянд мебошад. Дар Тоҷикистон то ҳоло бештари расонаҳо ва китобҳо Ҷанги Бузурги Ватанӣ менависанд. Аммо Кадом Ватан? Шӯравӣ? Шӯравӣ фурӯ рехт ва бар ивазаш истиқлоли Тоҷикистонро соҳиб шудем.

Ба ин манзур истифодаи таъбири Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба маънии нодида гирифтани истиқлолияти Тоҷикистон мебошад. Яъне, мо ба ин ақида, ки истиқлолияти Тоҷикистон дар натиҷаи фурӯпошии Шӯравӣ ба даст омадааст, ҳамагӣ бовар дорем. Пас, дигар Шӯравӣ ҳам аз нигоҳи маъмурӣ, ҳам аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳам аз нигоҳи ҳуқуқӣ Ватани мо нест. Яъне муравваҷ будани ҳамин ибора нишонаи тафаккури истеъмории мост, ки ба истиқлоли фикрии мо муғойират дорад.

Воқеан Шӯравӣ замоне ватани маъмурӣ ва сиёсии мо буд. Ва бояд бигӯям, нафароне, ки ба ин ҷанг эъзом шуданд ва барои наҷоти Ватани вақти худ мубориза кардан ё қурбонӣ шуданд, воқеан қаҳрамонӣ намуданд. Имрӯз ман дасти ҳар як иштирокчии ин ҷангро мебӯсам, ки барои наҷоти Ватани худ талош кардаанд ва бардагиро, ки бадтарин навъи зиндагист напазируфтанд. Худо умрашон бидиҳад.

Бисёр хуб мешуд, инро мо Ҷангии ҷаҳонии дувум ё Ҷанги Шӯравӣ бо Олмон биномем, на Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Ба ҳар ҳол назари ман ин аст, ки истифодаи таъбири Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз нигоҳи истиқлолияти миллӣ ва фикрӣ дуруст нест. Дигарон чӣ назар доранд?

Иршод СУЛАЙМОНӢ,
журналист


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Администраторы
  • Қайд: 21.01.2013
  • Мақом: Пользователь offline
  • Шарҳҳо: 4
  • Матлаб: 2978
Абдулфаттоҳ Шафиев дар Фейсбук:

"Пас ҷанг зидди Чингизхонро чӣ биномем? Ҷанги Хоразм алайҳи муғулҳо? Мо ҳам он замон ҷузве аз Шӯравӣ будем - хоҳ он кишвар бад буд ё нек, вале кишвари он мардуме буд. Даҳҳо ҳазор тоҷике, ки дар он ҷанг иштирок карданд, мутмаинанд, бар ин боваранд, ки барои Ватанашон мубориза кардаанд. Вале, имрӯз мехоҳед, хотираи онҳоро дигаргун кунед танҳо ба он хотир, ки ба фалсафаи сиёсии Шумо муғойир аст? Ва биёед, як бор рӯирост бигӯем - бо куҷои ҳамин истиқлол менозед? Бо дониши камназири хатмкардаҳои донишгоҳҳои бешумораш? Бо таҷрибаи гӯшношуниди оламгирифтаи пизишконаш? Бо олимонаш, ки дар садри ҳама феҳрасҳои илмии дунё қарор гирифтаанд? Бо сатҳи зиндагии мардумаш, ки болотар аз кишварҳои скандинавӣ қарор дорад? Бо рушди иқтисодияш, ки Дубай ва Ҳонгконгро дар ҳайрат гузоштааст? Бо идеяҳои хориқулодае мисли "қонун зидди издивоҷи хонаводагӣ - роҳи мубориза бо фасод"? Қабл аз он ки ба худ иҷозаи безорӣ аз Шӯравӣ бидиҳем, бояд Ватане дар нисфи он сатҳ бисозем."

Сафар Абдуллох дар Фейсбук:

"Азизон,барои падарони мо,ки дар як кишвари воҳид, бо номи иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ба сар мебурданд,ин ҷанг бетардид Ҷанги Бузурги Ватанӣ.буд. Ва ин таърихи мост ва имрӯз инкор набояд кард!...Аслан ба таърих набояд тавҳин кард.Падарону модарони Шумо ҳама дар Иттиҳоди шӯравӣ тарбият ёфтаанд ва миллати мо дар пирӯзӣ бар фошизм саҳм дорад ва ҳаргиз ин нуктаро набояд аз ёд бурд!"
Посух додан
  • Абдуллох

  • 4 май 2013 16:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Охи фаркаш чи мардум хама медонан ки "чанги бузурги ватани" хаму чанги шурави бо неметсо буд хами 15 чумхури хамаш да шурави дохил мешуд пас барои хами чумхурихо зарур буд ки мубориза баранд барои ватаншон. Бародар иршод дар корхоят бурдбориро мехохам.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дигар хабар намонд рузноманигоро бо якдигар сухбат кунену дар сахифа моненш тамом мешавад макола))))))))))))))))!!!!????
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чанги дувуми чахони биномем хубтар аст
Посух додан
  • МУХОЧИР РУССИЯ

  • 5 май 2013 14:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
САЛОМ ХАМВАТАНОН. ДАР ИН ЧАНГ ЗИЁДА АЗ 90,000 БОБОЁНИ МО ЧОНИ ХУДРО АЗ ДАСТ ДОДААНД, БАРОИ ХИФЗ КАРДАНИ МАСКАВ, ПИТЕР ВА ДИГАР ШАХРХОИ РУС АЗ ФАШИСТОН. ВАЛЕ ХОЗИР БОШАД, ДАР МАСКАВУ ПИТЕР НАБЕРАГОНИ ОНХОРО ФАШИСТОНИ РУС МЕКУШАНД.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бобои ман аскари чанг буд.Марди ватандусту бонанг буд.Нишонаи чангаш-чаррохати пояш,Бовикору часуру нимланг буд.Аз кухистон чавони бистсола.рафта бар Гермон чанг эълон кард.Тирзани катории рота,тирзани фашистро гурезон кард.Бобоям,чу сарбози Ватан,баргашт аз набард бо сари баланд.Баргашт аз Берлин,баргашт аз Гермон,бар дехаи худ,бар Дехи Баланд.У ягон даъво,у ягон маъво,хеч намекобид бо сару савдо.Доимо мегуфт;"Аз хама боло ин Ватан бошад,маънии покаш ба чону тан бошад".На парвои мукофоту инъом дошт,На парвои таърифи авъом дошт.Бо хамон маъюбиву лангиаш,паи ризк охангари мекард.Путку сандону оташи тафсон,чое буд,ки хунарвари мекард.То ба охир нафаси умраш,бахри мардум ёвари мекард.Вакти бемори,руи бистари марг,Боз гуё аскари чанг шуд.Мушту пайкари бузурги у оханиншаклу сахт чун санг шуд.Аз хамон бадани чаррохатдор,рехта шуд чанд оханчаи дигар.Порахои фулодии хунин,порахои хунолуди чигар.Аз хамон инъомхои чангиаш.монд бар мо хотири покаш.Гоххо рафта бар сари кабраш,аз ашкхоям тар месозам хокаш.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Albatta in fikri shakhsii in odam hast, lekin man bo shumoi aziz norozi hastam. Nomi hodisae ki dar tarikh shuda guzashtaast digar kardan, tanho bo bahonai istiqloliyat giriftan nomumkin ast. Pas inro digar kunem, mo boyad sadho hodisahoe ki dar tarikh shuda guzashtaand digar kardanamo zarur ast??
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Автору мозгов не хватает или он просто глупый националист!! У него в семье видимо никто не погиб в той войне и он ничего не понимает.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бале рост мегуед аммо ин аллакай хамчун истилох ба мо кабул шудааст ё ин ки аниктараш аз падарон ба мо меърос мондааст. Дар он замоне ин чанг шуда буд, ки шурави ватани падарони мо ба хисоб мерафт ва таърихро касе ба дигаркун намудан хак надорад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Behtarin Ammo onone ki mustafid az SSSR budand inro namekhohand
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э бародар ман ватанамро бисор дуст медорам лекин чи даркор хамин бахсхои ки суде надорад,, то вактатонро дар хамин калима коби гузарондана шинед як формула ё як муодила хади акал як графика ё ягон фигурахои математикию информатсиониро ихтиро намоед то хамон ватани мегуфтсгиямон ба пешрави кадам монад ,, бовар кунед дар точикистон дагалам шавад ай забону адабиётчиё безор шудем хамма шерхону калимасоз хол он ки калимахои нави точикиро атто Садриддини Айни зинда шуда ояд намефахмад... Амрикоихо мегуянд пешравии милат дар пешравии техника ва технология авч мегирад, хатто СССР чунин акида дощт,,,admin,
admin,
admin,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ту кадри истиклолу кадри галабаро аз кучо дони
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои химояи Москваю Сталинград хазорон
хазорон миллати точик чонашро курбон кард.
Барои серкардани шиками онхо модарону
хохарон шабу руз захмат кашиданд... Ое инро
Русхо кадршиноси мекарда бошанд?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!