Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 17:34

Мулоқоти Раҳмон бо ҷавонон дар соли интихоботи президентӣ

4 май 2013, 16:23

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 20-уми майи соли ҷорӣ бо ҷавонони фаъоли кишвар мулоқот анҷом хоҳад дод. Ин хабарро Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, рӯзи 4-уми май дар Анҷумани шашуми ҷумҳуриявии созмонҳои ҷавонони Тоҷикистон дар Душанбе эълон дошт.

Ин дидору мулоқоти оқои Раҳмон дар остонаи таҷлил аз рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва ҳамагӣ панҷ моҳ қабл аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳур баргузор мешавад. То кунун танҳо Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ эълон доштааст, ки бо номзади худ дар интихобот ширкат меҷӯяд ва он ҳам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Маликшоҳ Неъматов, ки дар Анҷумани шашуми созмонҳои ҷавонон сӯҳбат мекард, гуфт, ҳафтод дарсад аз ҳашт миллион сокини Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳоро “нерӯи пешбарандаи ҷомеа” хонд. Оқои Неъматов дар идома бо тавсиф аз вазъи кунунии Тоҷикистон аз ҷавонон хост, шукргузорӣ карда, барои пешрафти кишвар талоши бештаре ба харҷ диҳанд.

Ӯ аз он норизоӣ кард, ки ба гуфтаи худаш баъзеҳо шукргузорӣ ё шукронаи онҳоро дар “нохунак” мегиранд.

Аз соли 2003 то кунун 5 Анҷумани созмонҳои иҷтимоии ҷавонон доир шудааст, ки мушкилоти ҷавононро матраҳ ва роҳҳои рафъи онро баррасӣ кардааст. Ин анҷуман ҳамасола як бор баргузор мегардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чавонон бо идеяву корхои созанда ба у мурочиат мекунанд, аммо кай Огои Неъматов кумак расондааст.
Вакте, ки амалхои хуб зиёд мешавад, банда бе таъкид шукргузорй мекунад, вале Шумо таъкиди пайдарпаятон- шукргузори кунед чи реаксияи баръакс медихад магар хабар надоред?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кай Рахмону зердастонаш ва бо кадом кишри ахоли мулокот кардаанд??!! Мулокот ин изхори назар аз ду тараф, шунвидани максаду мароми тарафъайн, кабули хосту дархост ва амали созии пешниходоти рузмараи ахоли мебошад. Дар Точикистон суханрони як тарафро, таърифу тавсифи дуругу бепояи хокмияти имруза ва дастоаврдхои ба чашм ноаъён, насихатхои аблахона ва тарсонидани ахолиро аз тарафи амалдорони давр мулокот номида истодаанд, ки хам хар механдаду хам буз, ба ин тарзи мулокот ва умуман давлатодори. Аслан ин мулокот нест, а "COMEDY CLUB"- и точикист, чун пештара.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!