Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 00:56

Овоздиҳии 81 дарсади сокинон ва эътирози Раҷаби Мирзо аз тақаллуб

5 май 2013, 17:42

Бино ҳисоби пешакӣ дар интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи рақами 39-и ноҳияи Восеи вилояти Хатлон 81 дарсади сокинони қобили раъй иштирок кардаанд. Ин интихоботи миёндаврӣ рӯзи панҷуми май баргузор, вале то ҳол пирӯзи ин сабқат муайян нашудааст.

Қарор аст, натиҷаи муқаддамотӣ ё пешакии ин интихобот субҳи душанбеи шашуми май эълон шавад. Ин дар ҳолест, ки нозирони номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон аз ин ҳавза Раҷаби Мирзо мегӯянд, бино ба ҳисоби онҳо то бегоҳи рӯзи панҷуми май ҳузури шаҳрвандон ҳамагӣ аз сӣ то панҷоҳ фоизро ташкил медод.

Дар ин интихоботи миёндаврӣ се нафар барои курсии холимондаи Рустам Латипов, намояндаи Ҳизби аграрӣ, дар Маҷлиси Намояндагон талош карданд. Рустам Латипов вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи рақами 39-и ноҳияи Восеъ ахиран раиси ин ноҳия таъин шуда, ҷои худро холӣ гузошт.

Зайниддин Сафаров, намояндаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ибодулло Неъматов аз Ҳизби халқӣ-демократӣ ва Раҷаби Мирзо, раҳбари Маркази тадқиқоти сотсиологии «Бозтоб» муддаии курсии холишуда дар Маҷлиси намояндагонанд. Ҷӯрабек Қурбонов, мудири Идораи ҳифзи иҷтимоии минтақаи Кӯлоб, ки ҳамчунин номзад буд, аз идомаи рақобат даст кашидааст.


Раҷаби Мирзо, хабарнигори маъруфи тоҷик ва номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон, аз тақаллуби афзун дар интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи рақами 39-и ноҳияи Восеъ, норозист. Ӯ тақрибан соати 16-и панҷуми май аз ҳамаи нозирону намояндагонаш дар қитъаҳои раъйдиҳӣ хост, аз идомаи назорат даст бардоранд ва ба ситоди интихоботии ӯ ба маркази Восеъ оянд.

Афроди наздик ба оқои Мирзо мегӯянд, дар интихобот мушоҳида шудааст, ки масъулон бастаи варақаи раъйдиҳиро ба дохили “сандуқи шаффоф” партофта, аз сокинон хостаанд, бештар ба намояндаи Ҳизби аграрӣ раъй бидиҳанд.
Иддаое, ки масъулони кумисюни интихоботи ноҳияи Восеъ онро дар дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” рад карда, интихоботро шаффоф номиданд. Онҳо гуфтанд, аз сӯи нозирон ва худи Раҷаби Мирзо ба онҳо номаҳои шикоятӣ расидаанд, ки ҳатман баррасӣ хоҳанд шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • диловар

  • 5 май 2013 19:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
эьтироз кнен чаноби рачаби мирзо парлумон зеби шуморо дорад, мо дуогуи шумо))
Посух додан
  • amir

  • 5 май 2013 20:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эътирози бефоида. Шумо медонистед ки тарафдор надоред хамин корхо чи лозим?
Посух додан
  • Точикбача

  • 6 май 2013 01:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар барои интихоботи шафоф 50 соли дигар даркор барои точикистон.умедвор хам нашавед.
Посух додан
  • Баха

  • 6 май 2013 11:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Интихобот дар кадом давлат шафоф шуда буд ки дар точикистони мо мешавад .Ин хамеш хокпоши кардан ба чашми мардум аст.....

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!