Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:50

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР: Интихоботи Восеъ шаффоф гузашт

6 май 2013, 15:43

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) натоиҷи ниҳоии интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи рақами 39-и ноҳияи Восеъро эълом кард. Ин интихобот рӯзи панҷуми май баргузор ва дар он се номзад барои дарёфти курсии вакили Маҷлиси Намояндагон талош карданд.

Бино ба гуфтаи Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР, дар ин интихоботи миёндаврӣ 82 ҳазору 808 нафар, яъне 88 дарсади афроди қобили раъй дар ноҳияи Восеъ иштирок кардаанд. “Раҷаби Мирзо 6 ҳазору 543 овоз (7,9 фоиз), Ибодуллоҳ Неъматов 13 ҳазору 441 овоз (16, 3 фоиз) ва Зайниддин Сафаров 60 ҳазору 574 овоз (73,2 фоиз)-ро соҳиб шуданд”,-эълом дошт ӯ.

Оқои Шоҳиён гуфт, “аз рӯи тамоми маълумоте, ки то ҳоло гирифтем, интихобот дар муҳити озод ва дар шароити мусоид шаффоф баргузор шуд.” Вай илова кард, дар ҷараёни интихобот чаҳор аризаи шикоятӣ аз тарафи номзад ба мақоми ваикли Маҷлиси Намояндагон Раҷаби Мирзо дар бораи тақаллубкориҳо расидааст, ки ба гуфтаи ӯ тасдиқи худро наёфтаанд.

Раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҳамчунин гуфт, дар мавриди эътирози Раҷаби Мирзо аз расонаҳо шунидаанд ва наметавонанд онро чун эътироз қабул кунанд. Чаро ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби Раҷаби Мирзо дар ин бора ягон санади расмӣ нарасидааст.

Раҷаби Мирзо, хабарнигори маъруфи тоҷик ва номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон, рӯзи панҷуми май аз тақаллуби афзун дар интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи рақами 39-и ноҳияи Восеъ эътироз карда, аз ҳамаи нозирону намояндагонаш дар қитъаҳои раъйдиҳӣ хост, аз идомаи назорат даст бардоранд. Ӯ гуфт, дар интихобот мушоҳида шудааст, ки масъулон бастаи варақаи раъйдиҳиро ба дохили “сандуқи шаффоф” партофта, аз сокинон хостаанд, бештар ба намояндаи Ҳизби аграрӣ раъй бидиҳанд.

Дар ин интихоботи миёндаврӣ се нафар барои курсии холимондаи Рустам Латипов, намояндаи Ҳизби аграрӣ, дар Маҷлиси Намояндагон талош карданд. Рустам Латипов вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи рақами 39-и ноҳияи Восеъ ахиран раиси ин ноҳия таъин шуда, ҷои худро холӣ гузошт.

Дар акс: Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Комиссияи хавзавии №39 хеле ноинсофи кардааст.Р.Мирзо дар комиссияхои хавзавию минтакави намояда надошт, ба раъйи интихобкунандагонаш сохиб нашудааст.Ноинсофи комиссия аз 55 ё 60%,ки ба Р.Мирзо раъй дода буданд,хамаги 7% ба у дода,бакия ба "голиб" хдя кардааст.Ноинсофи аз ин беш мешавад...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сафедро сиёх гуфтану сиёхро сафед,гайришаффофро шаффоф гуфтан ин пешаи шумост.Хиёнат бар амонат гунохи бузург аст.Интихоботи соли 2010 пур аз такаллуб гузашта буд. Онро низ "шаффоф" эълон карда будед.Аз хиёнат ба амонати мардум наметарсд,пас ах ХУДО битарсед...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!