Бахшҳо

Профессори тоҷик: “Ба пои Соловев сар хоҳам гузошт...”

Навори сӯҳбати журналисти рус Владимир Соловев дар бораи таърихи тоҷикон, ки хеле пештар сабт шудаву баъд аз иддаоҳои Владимир Жириновский дар сайти “Озодагон” дубора пахш шуд, миёни хонандагон вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Ҳоло яке аз ин вокунишҳоро, ки аз номи профессори тоҷик Наврӯзи Гулзода ба мо расидааст, нашр мекунем.


“Ман, профессор, забоншинос Наврӯз Гулзода алҳол дар Донишгоҳи лингвистии Маскав ба донишҷӯёни русзабон аз тоҷикӣ дарс мегӯям. Дар ҳоли ҳозир душвортарин масъала барои ман тарғиби забони тоҷикист, зеро қадру манзалати ин забон то андозае костааст, ки таваҷҷуҳи шогирдонро ба омӯхтани ин забон ҷалб кардан хеле сангин мебошад.

Албатта, қадр доштани фарҳангу забон ба вазъи иқтисодӣ ва дараҷаи тараққиёти соҳибони он вобаста аст. Дар ҳоли ҳозир кӯшиши муаррифии забони тоҷикӣ барои миллатҳои дигар "ба дандон рахна дар фӯлод кардан"-ро мемонад. Вале баъд аз тамошо ва шунидани навори мазкур (навори сӯҳбати Соловев) нерӯи нав гирифтам ва онро бо оби дида шунидам. Акнун худро тасаллӣ дода метавонам, то ҷон дар рамақ аст, ин пешаро тарк нахоҳам кард. Яъне, "ба пилки дида оташпора хоҳам чид", вале ба ҳама бо овози баланд хоҳам гуфт, маданияти тоҷикон, забони тоҷикӣ ва дар тамоми дунё адабиёти тоҷик беқиёсанд! Худо рӯзе биояду ин забон мақоми қаблии худро соҳиб шавад.

Ҷаноби Соловев ҳақиқатро чун рӯз равшан гуфтааст. Ва боз аз он хушнудам, ки пофишории узбакҳову озариён, ки яке Синоро узбак медонаду дигаре Хайёмро озарӣ, бо қатъият рад намудааст. Мардуми арман дар мактаби миёна Низомиро шоири форс медонанд ва ҳақ ба ҷониби онҳост. Дақиқтараш Низомӣ на озарӣ, балки курд аст, вале дар хусуси Хайём ҷои баҳс нест, ки форс аст ва онҳо, яъне озариён, занеро устоди Хайём медонанд, ки гӯиё озарӣ будааст. Вале агар осори ӯро пайдо намоем, ҳеч гоҳ ба озарӣ нанавиштааст. Магар ин мардум шарм намекунанд, ки шоирони мо ҳарфе ба забони туркӣ нанавиштаанд?

Владимир Соловев, рӯзноманигорест боадолат, падари 8 фарзанд!!! Ман ба пои ин гуна ашхос сар хоҳам гузошт, ки ҳеч гоҳ ҳақиқатро парда намепӯшонад.

Ба наздикӣ дар барномаи "Поединок" ба Жириновский дар бораи мардуми тоҷик ва инсондӯстии онҳо, махсусан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълумоти муфассалеро пешкаш намуд. Он вақт фаҳмидам, ки дар бораи фарҳангу тамаддуни тоҷикон маълумоти зиёде дорад. Аҳсан ба ин рӯзноманигори ҳақиқӣ, ки барои миллати тоҷик аз ҳазор тоҷик хизмати сазовортаре кардааст.”


Дар акс: Наврӯз Гулзода, профессори тоҷик
Мӯҳр
Професор
Сипосгузори ба ачдодони худ бикун, ки чунин таърихро мондаанд.

Устод Гулзода зинда бошед!

офарин. зинда бошед устод. мо бо шумоем!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)