Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:14

Зоиров: Пирӯзии ҳизби аграрӣ дар Восеъ хости ҲХДТ буд

6 май 2013, 12:25

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон, бо пахши як изҳорот дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук гуфтааст, натиҷаҳои интихобот дар Восеъ тасодуфӣ намебошанд.

Зоиров таъкид кардааст, ки “дар интихобот на Раҷаби Мирзо, на намояндаи ҲХДТ, ки намояндаи худи мардуми Восеъ будаанд, бой надодианд, балки онҳо аз ғолиб, яъне намояндаи ҳизби аграрӣ зиёдтар овози мардумро гирифтаанд.”

Раҳматулло Зоиров изҳори боварӣ намудааст, ки ғолибияти намояндаи ҳизби Аграрӣ хости Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон аст ва ғолиб дар парлумон аз манфиатҳои ҲХДТ ҳимоят менамояд. Аз ин рафтори ҳама комиссияхои интихоботие, ки аксаран аз ҲХДТ ва ҷонибдорони ҳокимият ташкил шуда будаанд ва ба ҷонибдории намояндаи ҳизби аграрӣ ташвиқот мебурдаанд, далолат медиҳад.

Зойиров бо ишора ба натиҷаҳои интихобот дар Восеъ таъкид мекунад, то замоне, ки комиссияҳои интихоботӣ аз ҷониби як тараф, яъне ҳокимияту ҲХДТ ташкил карда мешаванд, иродаи сиёсии як шахс, ҳукумат ва ҳизб, иродаи сиёсии ҷомеа, мардум, интихобкунанда ва ҳизбҳои сиёсиро пахш хоҳад кард.

Дар интихботи миёндаврии ноҳияи Восеъ, ки рӯзи 5-уми май баргузор гардид, тибқи натиҷаҳои муқаддамотӣ Зайниддин Сафаров, номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, бо гирифтани 73 дарсади раъйи сокинон пирӯз шудааст. Ду номзади дигар -- Ибодулло Неъматов, номзад аз Ҳизби халқӣ-демократӣ 16 ва Раҷаби Мирзо, номзади мустақил 7 дарсади раъйи сокинонро соҳиб шудаанд.

Дар ин интихоботи миёндаврӣ се нафар барои курсии холимондаи Рустам Латипов, намояндаи Ҳизби аграрӣ, дар Маҷлиси Намояндагон талош карданд. Рустам Латипов вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи рақами 39-и ноҳияи Восеъ ахиран раиси ин ноҳия таъин шуда, ҷои худро холӣ гузошт. Раҷаби Мирзо, хабарнигори маъруфи тоҷик ва номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон, аз тақаллуби афзун дар интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи рақами 39-и ноҳияи Восеъ эътироз карда, тақрибан соати 16-и панҷуми май аз ҳамаи нозирону намояндагонаш дар қитъаҳои раъйдиҳӣ хост, аз идомаи назорат даст бардоранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Карим

  • 6 май 2013 18:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Албатта интихоботе ки дар нохияи Восеъ баргузор гардид то андозае мардумро рухафтода намуд ва этикоди мардумро нисбат ба хукумат хеле коста гардонд. Натичаи интихобот такрибан аз 15-20 апрел маълум буд ва фармони нихоие ки рузи 3 май аз чониби (ким кадом) идораи хукумати дода шуд, якбора хамаи шахсони маъули участкахои интихоботи аз тарси оне ки аз мансаб холи мешаванд ба ташфикоту тарафдории З Сафаров пардохтанд, ки ин мардумро бисёр рухафтода кард ва аксари мардум хатто дар ин райъпурси иштирок накарданд. Хулас агар интихобот чунин бошад пас чи лозим хама ин ташвишу саргардонихо ва чи лозим хама ин масрафи зиёдатие ки аз чониби номзадхо карда мешаванд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!