Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:08

"Биёед, овозҳоро сӣ фоизӣ тақсим мекунем" Мушоҳидаи хабарнигорони "Озодагон"

6 май 2013, 14:24

Ҷараёни интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи 39-и ноҳияи Восеъро, ки рӯзи панҷуми май баргузор шуд, хабарнигорони "Озодагон" ҳам назорат карданд. Ҳумайрои Бахтиёр ва Нилуфари Карим мушоҳидаҳояшон аз ҷараёни интихоботро ин гуна тасвир кардаанд:


Ҳумайрои БАХТИЁР

Тибқи ҳисоби пешакӣ дар ҳавзаи 39-и ноҳияи Восеъ намояндаи ҳизби аграрии Тоҷикистон Зайниддин Сафаров бо гирифтани 73 дарсад пирӯз гашта, намояндаи ҳизби ҳоким Ибодулло Неъматов 16 дарсад ва номзади худпешбар Раҷаби Мирзо 7 фоизи райъи мардуми Восеъро ба даст овардаанд. Мақомоти дахлдор бо эълони ширкати 81 дарсади аҳолии ноҳияи Восеъ интихоботро баргузор шуда эълон кард.

Райъдиҳии дубора ва бетаваҷҷӯҳии аъзои комисия

05-уми май, соати 05-50 дар ҳавзаи интихоботии №18-и деҳоти ба номи Ҳамид Баротов ҷамъе аз мардон мунтазири расман оғоз шудани маъракаи райъдиҳӣ буданд. Раиси ҳавзаи мазкур, ки ҳамзамон директори мактаби №13 буд, гуфт, ки ҳарчанд мардум субҳи зуд бояд ба саҳро бираванд, аммо ба хотири риоя гардидани меъёри интихобот, онҳо маъракаро бидуни нозирон оғоз накардем. Интихобот дар ҳавзаи мазкур соати расо 06-и субҳ расман оғоз гардид. Комиссияи мазкур ба кори худ шурӯъ карду, мардону заноне, ки мунтазири райъдиҳӣ буданд аз саҳни мактаб ба дохил ворид шуданд.

"Биёед, овозҳоро сӣ фоизӣ тақсим мекунем" Мушоҳидаи хабарнигорони "Озодагон"Тибқи мушоҳида ин ҳама ташвиши мардум дер давом накард. Билохира аз соатҳои 08 баъдтар ширкати мардум дар маъракаи райъдиҳӣ ба маротиб коҳиш ёфт. Аъзои комисия мегуфтанд, ки шояд мардум баъди корҳои саҳро овоздиҳӣ биёянд. Гуфтан ба маврид аст, ки ширкати мардумро бевосита ду нафар- нозири Раҷаби Мирзо ва як омӯзгор аз мактаби мазкур ба ҳисоб мегирифтанд. Дар соатҳои аввал ба қайдгирии мардум аз рӯйи ду ҳисоб ба ҳам мувофиқат мекард. Фазои райъдиҳӣ ҳам чандон бад набуд. Аммо тақрибан дар соатҳои 08-00 шоҳиди қонуншиканӣ, яъне овоздиҳии дубораи сокинон гардидем. Дар ҳолати аввал аъзои комисия ба хотири дарҷ накардани ин ҳодиса дар протокол бюлетени райъдиҳандаро аз эътибор соқит карданд. Аммо дар ҳолатҳои дуввум ва саввум ба хотири беаҳамиятии аъзои комисия ин ҳолатҳо дар протокол дарҷ гардид. Гуфта мешавад, ки аз санади мазкур аъзои комисия нороҳат гардида, бо исрори шоҳиди ҳодиса гардиданашон зери санад имзои худро гузоштанд.

Нигаронӣ аз ҳузури ками мардум барои овоздиҳӣ

Баъд аз ин ҳодиса аъзои комисия хоҳиши райъдиҳандаҳоро дар мавриди ба ҷойи хонавода овоз додан, рад мекарданд. Баъзе аз сокинон аз чунин қарори комисияи интихоботӣ изҳори норозигӣ карда, дар тааҷуб буданд, ки чаро ин навбат ба ҷойи 4-5 аъзои хонаводаашон овоз дода наметавонанд. Бояд гуфт, ки бо тартиб додани протокол он фазои ҳам “ором” нопадид гашт. Соатҳои 12-00 нобаробарӣ дар ширкати интихобкунандагон ошкор гардид. Рақамҳо атрофи 120 аз ҳамдигар фарқ доштанд. Аз ин ихтилофи рақам аъзои комисия низ изҳори нигаронӣ карда, аз ҳамкори худ дар тааҷуб монданд, ки чӣ гуна омори онҳо бо нозирони мустақил дар мавриди ширкати мардум то ба ин ҳад аз ҳам фарқ дорад. Аъзои комисия ҳамзамон аз он изҳори нигаронӣ доштанд, ки сокинон тарзи дурусти райъдиҳиро надониста, бештари варақаҳои овоздиҳии худро аз эътибор соқит кардаанд. Дар ҳамин ҳол нозир аз тарафи ҳукумат ҷаноби Баротов аз ширкати ками мардум нигаронӣ карда гуфт, ки барои онҳо муҳим теъдоди мардум аст, на беэътибории варақаҳои райъдиҳӣ.

“Баъди чобуқ меоянд”-умедвории аъзои комиссия

Соатҳои 14-30 бинои мактаб хеле камодам буд. Дар чанд соати охир танҳо 6-7 нафар барои райъдиҳӣ меомаданд. Инҷо комисия тасмим гирифт, ки аз рӯйи имзоҳои гузошта шуда, теъдоди умумии райъдодаҳоро дақиқ намояд. Аз руйи ҳисоби имзоҳо то соати 14-50 627 нафар, аз руйи ҳисоби нозири мактаб -650 нафар аз аз рӯйи ҳисоби нозир 475 дар интихобот райъ доданд. Гуфта мешавад, ки ин нобаробарии овозҳо кулли комисия, ба хусус нозири мустақилро дар тааҷҷуб гузошт.

Бо вуҷуди нороҳатӣ намояндаи ҳукумат ба такрор мегуфт, ки дар интихобот бояд “явка 100 дарсад таъмин бошад, вагарна ман гап мешунавам”. Баъди ин суханҳо комисия ҳам кори худро суръат дод, онҳо аз ёру дӯстоне, ки ба овоздиҳӣ меомаданд, хоҳиш мекарданд, то онҳо ҳамсояҳои худро аз интихобот огоҳ кунанд. Узви комисия мегуфт, ки сабаби аслии ҳозир нашудани мардум ин сатҳи пасти иҷтимоиву кори саҳроии онҳо мебошад. Комисия ҳамзамон нигаронӣ аз он дошт, ки мардум кори рӯзмараи худро аз ин маъракаи муҳими сиёсӣ болотар монда, ба тақдири худ беаҳамияти зоҳир мекунанд.

Мардумро ба интихобот чӣ кор?

Шикояти аъзои комисияи аз ширкат надоштани мардум барои райъдиҳӣ ҷойи нигаронӣ дошт. Мусаллам аст, ки зиндагии мардуми деҳот хеле вазнин аст. Дар пурсишҳои аъзои комисия барои сари вақт ҳозир нашудан, кулли занон далел меоварданд, ки ҳоло фасли чобуқ буда, бувуҷуди мушкилӣ онҳо барои интихоби вакилон омадаанд. Аксари занони райъдиҳанда аз аҳамият ва тарзи дурусти овоздиҳӣ огоҳӣ надошта, аз комисия ҳам суол мекарданд, ки чӣ корро бояд анҷом диҳанд. Аъзои комиссия онҳоро фаҳмонида нигаронӣ аз он мекарданд, ки аз рафти райъдиҳӣ хабар надоранд.

Интихобот “идома” дошт, аммо тақрибан соати 15-30 Раҷаби Мирзо эътироз намуда тамоми нозирони худро бозхонд. Далели аслии Раҷаби Мирзо, номзад ба таври худпешбарӣ ин буд, ки гурӯҳе аз нозирони ӯ дар ҳавзаҳои интихоботӣ ҳолатҳои даста даста ба таври тақаллубкорӣ овоз додаанд ва ҳамчунин тарғиби райъдиҳии мардум ба номзади ҳизби аграриро мушоҳида кардаанд. Баъд аз бозхондани нозирон, ҳузури интихобкунандагон, ки дар аксари ҳавзаҳо то соати 16-00 то 45-50 дарсад расида буд, дар соати 18-00 якбора гӯё ба 81 фоиз расид. Дар ҳамин баробар Раҷаби Мирзо мегӯяд, ки то ҳоло тасмими ниҳоии худро нагирифта, дақиқ нест, ки аз риоя нагардидани меъёри қонун ба куҷо шикоят хоҳад бурд.

Бино бар андешаи коршиносон ба таври тақаллуб сурат гирифтани интихоботи мазкур ин суханон ва кафолати раисҷумҳурро барои баргузории интихоботи шаффофи раисҷумҳур дар моҳи ноябри соли ҷорӣ комилан зери суол бурд. Коршиносон мегӯянд, ки рафти интихоботӣ дар ҳавзаи №39 исбот кард, ки низоми баргузории интихоботи шаффоф дар Тоҷикистон дар ин солҳои наздик роҳандозӣ нахоҳад шуд.


"Биёед, овозҳоро сӣ фоизӣ тақсим мекунем" Мушоҳидаи хабарнигорони "Озодагон"Нилуфари КАРИМ

"Биёед, овозҳоро тақсим мекунем"

"Ман ҳамчун нозир дар қитъаи овоздиҳии №33, воқеъ дар мактаби таҳсилоти умумии №21, аз ҷониби Раҷаби Мирзо, раҳбари Маркази тадқиқоти сотсиологии «Бозтоб», иштирок доштам.

Субҳи барвақт, соати 06:10, дар ин минтақа ҳозир шудем. То замони расидани мо алакай 100 нафар овоз дода буданд. Аввалин манзарае, ки он ҷо мушоҳида кардам, аз ҷониби аъзои комиссия додани 2-3 дона варақа ба як нафар буд. Аз ин вазъ ба раиси қитъаи интихоботӣ шикоят кардам. Ӯ ба ҷои он ки хатоиро ислоҳ кунад, худаш варақаҳоро бурда, ба дохили қуттӣ андохт. Дар ҳамин ҳол, протокол навишта хоҳиш кардам, имзо гузорад, аммо ӯ бо як дағалӣ садо баланд намуду гуфт: “Дар ин варақаҳо номи ҳама хат зада шудааст ва ба ҳамин хотир ба дохили қуттӣ андохтам.”

Аз ҷониби аъзои комиссия қонуншиканиҳои зиёдеро мушоҳида мекардам ва ҳангоми огоҳ намудан, дар ҳол амали кардаи худро рад менамуданд. Онҳо бо худкор (ручка) рӯи варақаи интихоботӣ ба раъйдиҳандагон номзади лозимиашонро ишора мекарданд. Хостам, қонуншиканиҳояшонро акс бигирам, аммо бо даъвои “ту ҳақ надорӣ”, бо ман ҷанҷол намуданд.

Дар варақаҳои интихоботӣ якум номи Ҷӯрабек Қурбонов, мудири Идораи ҳифзи иҷтимоии минтақаи Кӯлоб, меистод, ки номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон буду аз идомаи рақобат даст кашид. Дуюм, номи Раҷаби Мирзо, раҳбари Маркази тадқиқоти сотсиологии «Бозтоб», сеюм Ибодулло Неъматов аз Ҳизби халқӣ-демократӣ ва дар охир Зайниддин Сафаров, намояндаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон гузошта шуда буд. Ҳам раиси минтақаи интихоботӣ ва ҳам аъзои комиссия ба мардум ишора мекарданд, ки «дутоашро хат кашеду яктоашро монед».

Аз рӯи қонун бояд нафари овоздиҳанда ба рақами махсус, ки номаш гузошта шудааст, имзо гузорад ва баъд аз варақаи интихоботӣ номзади худро интихоб кунад. Аммо аъзои комиссия дар минтақаи интихоботии рақами 21 ин корро иҷро намекарданд ва ба мардум бидуни имзо блютен медоданд.

Номи чанд нафар интихобкунанда дар руйхат набуд, аммо ба онҳо иҷоза доданд, ки овоз диҳанд. Соати 12-20 як писар бо ду китоб дохили интихобот шуд ва ман назорат карда истодам. Чуноне мушоҳида намудам, ба ӯ 1 блютен доданд, аммо ҳангоме ки назди қуттии овоздиҳӣ омад, аз дохили китобаш чанд донаи дигар бароварда, ба дохили қуттии шаффоф андохт. Ҳангоме ба онҳо эътироз мекардам, ба ҷониби ман дағалона бо садои баланд мегуфтанд, ки «муаллима мо кори худамонро медонем ва қонуншиканӣ надорем, Шумо бошед, ба кори мо халал мерасонед».

Тақрибан соатҳои 14 ҷонишини раиси ҳавзаи интихоботии №39 барои тафтиш омад ва аз раиси минтақаи интихоботӣ пурсид, ки ягон қонуншиканӣ нест? Раис бошад, дасташ пеши бар, “ягон қонуншиканӣ нест” гуфта, бо сари баланд гузориш менавишт ва мо бояд дар зери гузориши ӯ “ягон қонуншиканӣ ба назар нарасидааст” гуфта, имзо мекардем. Чун ман то ин лаҳза чандин қонуншиканиро мушоҳида карда будам, имзои худро нагузоштам.

Муносибати мардум ба интихобот хеле сард буд, эҳсос мешуд, ки ба чунин интихоботи қалбакӣ бовар надоранд. Соати 7-30 дақиқа ба интихобот 171 нафар ҳозир шуда буд. соати 14-49 бошад, 558 нафар. Дар соати 15-50 дақиқа аз 2 ҳазору 330 интихобкунанда танҳо 580 нафар ҳозир шуда буданд. Аз иштироки мардум ҳамаи аъзои минтақаи интихоботӣ ба ғазаб омада буданд. Раиси минтақа Амирхонов Б. ба нафароне, ки овоздиҳӣ меомаданд, ишора мекард, ки ба дигарон гӯед, омада овоз диҳанд, вагарна ба сарашон кормандони милисаро мефиристонем.

Қонуншикании дигарашон ин буд, ки як нафар ҳатто 3 бор дохили макони интихобот мешуд. Ман зиёда аз 20 нафари онҳоро шинохта, иҷозаи вуруди дубора надодам. Бештари онҳо мегуфтанд, ки бародаронанд ва ба як дигар монанд мебошанд. Раиси минтақа шарм надошта, ба ман мегуфт, ки инҳо ҳамаашон дугониканд.

Ҳарчанд ба ҳар баҳона маро мехостанд ба берун бароранду кори худро анҷом диҳанд, аммо ман аз курсии худ намеҷунбидам. Дигар илоҷ наёфтанд ва як ҷавон аз Ҳизби халқии демократӣ назди ман нишаста, пешниҳод кард, ки “муаллима, як маслиҳат кунем-чӣ?” Ҳатто нахостам ба маслиҳаташ гӯш андозам, аммо суханашро идома дода мегуфт, “бубинед, мардум кам омадааст, агар ин хел давом диҳанд интихобот баргузор нашуда эълон мегардад”. Пешниҳод кард, ки аз номи 3 номзад 30 фоизӣ худамон озоз диҳем. Бале, овозҳоро миёни номзадҳо 30 фоизӣ тақсим кунем. Ман ба ин пешниҳоди онҳо розӣ нашуда, гуфтам, ба номзади ман ягон овози қалбакӣ лозим нест ва ман инҷо барои пуштибонии ягон нафар наомадаам. Танҳо мехоҳам, интихобот шафоф гузарад. Хуллас, ин пешниҳодашон низ нагузашт ва маҷбур шуданд муаллимонро ба хонаҳои мардум фиристода, онҳоро маҷбурӣ барои овоздиҳӣ биёранд.

Қуттии сайёрро соати 16 барои овоз додани нафарони бемор бурдан хостанд, аммо аз раис хоҳиш кардам, ки рӯйхат ва блютенҳоро дар наздам ҳисоб кунад. Раис онҳоро оварда дар наздам шуморид, ки дар натиҷа 14 блютени иловагӣ маълум шуд. Дар рӯйхат 88 бемор гузошта шуда буд. Аммо онҳо мегуфтанд, ки ин танҳо ними рӯйхат аст, ки гӯиё рӯйхатҳои дигари беморон будааст, ки баъд аз овардани ин қуттӣ дигарашро мефиристодаанд.

Ман то охир дар интихобот иштирок накардам, чун занг зада гуфтанд аз идомаи назорат даст кашаму ба ситоди интихоботӣ равам. То даме ки дар онҷо будам, шумораи интихобкунандагон аз 30 фоиз зиёд нашуда буд. Яъне, то он лаҳза дар минтақаи интихоботии №21 интихобот баргузор нашуда буд. Ҳатто шунидам, ки баъзе нафарони вобаста ба интихобот мегуфтанд, инҷо аз ҳама минтақаи калон аст, бояд ба ҳар илоҷ мардумро ҷамъ кунем. Баъд аз тарк намудани ин макон намедонам онҳо ба чи корҳо даст заданд, агар дар назди ман, ки ҳамчун нозир будам, ба ин қадар қонуншиканӣ роҳ дода шуд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Шерзод

  • 6 май 2013 15:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин, озмоиш ба хуби гузашт.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Интихоботи президенти низ чунин мегузарад."Кафолат" аз як тараф,аммо комиссияхо кори худро мекунанд.Ин бадбахтии давлату миллат аст.
Ч,ое равам,ки гардун болои сар набошад,
Аммо чи метавон кард,чои дигар набошад.
Посух додан
  • сокин

  • 6 май 2013 16:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мараимов Р дар чои зисти худ хамаги 35 овоз гирифтааст, вой ба холи дигар участкахои интихоботи ки уро намешиносанд.
Посух додан
  • точик

  • 7 май 2013 08:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тибки талабот нозир набояд ба фаъолияти кории комиссия халал расонад. чунончми ин барои чи он барои чи гуфта нашинад. Яъне дидаашро бояд дар дафтарчаи худаш ва барои номзади худаш дарч намуда, чиммакак шинад. Нилуфарчон ту аввал конуна мехонди ки чи хукук дошти баъд менависонди охир ин роман ё мазхака нест ку.
Посух додан
  • Муаллим

  • 7 май 2013 11:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Интихобот дар дасти мо аст, дили моро ёбеду канд хуред!
Посух додан
  • Ali

  • 7 май 2013 18:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Afsus,ki dar Tojikiston, durughgu va duzdu jinoyatkor hama ba sari mansab omadand...
Посух додан
  • аму хай

  • 11 май 2013 16:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
метонен ин мавзуро аз сайт гиред. дигар чои бахс нест. барои вакил шудан омада бо мардум вохури кардан даркор на дур-дур гурехтан. барои хамин ба хамаи шумо барори кор. Кушиш намоед, ки интихоботи оянда хуб гузарад бас. Шумо метавонед мавзухои нашр мекунед бояд ба мардум фоидае дихад на мардумро вас-васа кунад, ки ин ун хел. Шумо коре кунед, ки кори хуби шуморо дида баъд ба Шумо бахо диханд. на навис-навис. ба нависондан кор бут намешава. кор кунедтоооооооооооооооооооооооооооооооннн
ннннн. расмгироро баст кунед.
бахшиш агар сахт расида боша ин хакикат аст. хафа шидан даркор не.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!