Бахшҳо

Сафорат мегӯяд, Dorob Yan's бо шикояти онҳо боздошт нашудааст

Сафорати Тоҷикистон дар Русия иддао дар бораи ин ки репсаро Дороб Янс дар пайи шикояти яке аз кормандони сафорат дар Маскав боздошт шудааст, рад кард.

Сафорат рӯзи шашуми апрел бо пахши иттилоияе гуфт, “ин даъво аслан воқеият надорад. Дороб зодаи Бадахшони Тоҷикистон бошад ҳам, шаҳрванди Қирғизистон будааст. Сафорат аз қазия аз тариқи расонаҳои хабари огоҳ шуд.”

Дар идомаи иттилоияи Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфта мешавад, ин даъвоҳо як роҳи ба даст овардани шӯҳрат дар бозори овозхонист. “Ба андешаи мо, Дороб, ки як ҳунарманди ҷавон аст, мехоҳад аз шеваҳои маъмули бозори ҳунари Русия, бахсус Маскав, ки басо сангину душворгузар аст, истифода кунад ва ин як гашти "пиар" барои касби маъруфияти бештар дар бозор мебошад. Аммо ин ки гӯиё ӯро бар асоси шикояти кадом як корманди Сафорати Тоҷикистон дар Русия боздошт кардаанд, аслан воқеият надорад”,-таъкид шудааст дар иттилоия.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорат ҳам мегӯяд, баръакс, агар Дороб Янс ба унвони як ҳунарманди тоҷик ва зодаи Тоҷикистон ба сафорат муроҷиат мекард, онҳо оомда буданд, аз ҳаққи ӯ дифоъ намоянд.

Дар саҳифаи Дороб Янс, овозхони тоҷик, ки дар Маскав зиставу бештар дар жанри реп тарона иҷро мекард, навишта шудааст, ки ӯ барои хондани як таронаи сиёсӣ бо номи "Қарор мак" (дар робита ба ҳаводиси тобистони соли гузашта дар Хоруғ) бо шикояти як корманди сафорати Тоҷикистон боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ӯ аз шогирдони Мастер Исмайл мебошад, ки яке аз маъруфтарин репсароёни тоҷик асту солҳои охир дар Маскав ба сар мебарад.


Дар акс: Дороб Янс (Dorob Yan's), репсарои тоҷик
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)