Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 11:53

“Ҳар як раисиҷумҳур бояд бидонад, ки ӯ ивазшаванда аст” (ВИДЕО)

6 май 2013, 16:35

Мусоҳибаи ихтисосии “Озодагон” бо Роза Отунбоева, раисиҷумҳури пешини Қирғизистон ва нахустин зане, ки дар Осиёи Миёна тавонист, зимоми қудратро ба даст бигирад.


Озодагон: Дар бархе аз кишварҳои минтақа зимоми қудрат солҳои тӯлонӣ, яъне 20 солу 30 сол дар дасти як нафар мебошад. Вале агар ба Қирғизистон назар кунем, дар як давраи хеле кӯтоҳ чаҳор бор раҳбарияти давлат иваз шудааст. Аз нигоҳи Шумо, сабаб дар чист?

Отунбоева: “Сабабаш дар он аст, ки мо як мардуми пойбанд ба озодӣ ҳастем. Мардуме, ки аз ҳукумат талаб менамояд, то ба ваъдаҳои худ вафо кунад. Агар ҳукумат ваъдаҳои худро иҷро накард, ин мардум ба ҷои таҳаммул, зуд ба мухолифи он бармехезанд. Чи тавре дар соли 2005 ва 2010 алайҳи ғосибони қудрат бархеста буданд. Ҳар як раисиҷумҳур бояд бидонад, ки ӯ ивазшаванда аст, ингуна мафҳум (ивазнашаванда) дар сиёсат вуҷуд надорад. Раисиҷумҳур ҷуз як мақоми баландпоя каси дигаре нест. Он ҳам бошад, аз ҷониби мардум интихоб шудааст. Вақте мо Қонуни асосии кишварро менавиштем, як давраи 6-сола барои президентӣ пешбинӣ намудем. Зеро таҷриба нишон додааст, ки ин мақомро хеле дӯст медоранд ва намехоҳанд, давраҳои тӯлонӣ аз ин курсӣ фароянд ва мехоҳанд раҳбарӣ намоянду намоянд. Танҳо як раисиҷумҳур бошад, боке надорад. Вале тамоми як оила аз ин мансаб суистифода мекунад. Дар ҳамин ҳол, халқ бояд танҳо нишаста, фикр кунад, ки чанд ҳиссаи моликият ба кадоме аз хешовандонаш расидааст. Вале дар мо ин чизро мардум таҳаммул надорад. Чизе моликияти мардум асту онро онҳо интихоб кардаанд, бояд ба мардум хидмат кунад.”



Озодагон: Дар кадом лаҳзаҳо Аскар Акаев эҳсосоти воқеии худро аз даст дод? Замоне ба саркӯби хабарнигорон ва мухолифони худ шуруъ кард?

Отунбоева: “Фикр мекунам, баъд аз солҳои 1995 ӯ ин чизро аз даст дод. Акаев, ки қаблан ягон бор дар давлат кор накарда буд, аз зинаҳои системаи давлатӣ бо тадриҷ боло набаромада буд. Ӯ президенти академияи улум интихоб шуда буд. Ӯ дар давраҳои аввали раисиҷумҳурии худ хеле хидматҳое барои кишвараш намуд. Дар он замон он як марди пешрафта буд. Вале бо мурури айём қудрат ӯро дигар кард. Ӯ ва тамоми хонаводааш идораи худро аз даст доданд. Манфиатҳои умумию шахсиро ба ҳам омехтанд. Ин оила ба тадриҷ ба таври фаъолона дар умури идрии давлат мудохила карданд.”

Озодагон: Дар ин нақши асосиро худи Акаев мебозид, ё ашхоси дар гирду атрофаш буда?

Отунбоева: “Ман ҳеҷ гоҳ атрофиёни ӯро гунаҳкор наҳисобидаам, ӯ бояд худ бинад, эҳсосу дарк намояд ва ба ҳайси як раҳбар намуна бошад. Дар назди ӯ Қонуни асосӣ меистад. Агар дар он ду давраи президентӣ омадааст, хуб, баъд аз ба поён расидани онҳо аз сари қудрат канор рав. Дар он навишта шудааст, ки мардум нерӯи ягона ва шикастнопазири давлат ба шумор меравад ва инро бояд риоя кард. Агар шумо ин ҳамаро нодида гирифта, худро фиристодаи Худованд шуморед ва аз ҳамагон талаб намоед, ки тибқи хостаатон амал намоянд, пас, ин поёни қудрати Шумост.”

Озодагон: Қирғизистон шоҳиди ду тазоҳурот гардид, оё ба миён омадани ингуна ҳодисаҳо дар оянда имкон дорад?

Отунбоева: “Мо таърихи худро дорем. Тағйироте ба миён хоҳанд омад, ки зиндагии моро баръакс мегардонанд. Аз замони ба миён омадани тазоҳурот 3 сол сипарӣ мешавад ва мо дар ин миён 27-уми июни 2010 Сарқонуни кишварро қабул кардем. Раисиҷумҳур моҳи ноябри соли 2010 интихоб шуд ва он қадар давраи тӯлоние нагузаштааст. Дар миёни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил танҳо мо ва Молдавия ҳастем, ки барои таъсиси ҳукумати парлумонӣ даст ёфтем. Ин як системаи бисёр печида мебошад. Кумитаҳои калидӣ дар дасти мухолифон мебошад. Дар мо Келдибеков, раиси Кумита оид ба умури иқтисодӣ, қудрати эҳзори тамоми вазиронро дорад. Инчунин Кумитаи амният низ ҳамин қудратро дорад. Метавонад Вазири умури дохилиро эҳзор кунад ва тамоми корҳоро тафтиш кунад. Ҳар як қазияи задухӯрд ва ғоратгарӣ дар назари омма ҳаллу фасл мешавад. Дар куҷо ин тавр мебошад? Мо нав ҳамаро шуруъ кардаем. Демократияи Британияи бузург 600 сол, аз Швейтсария 700 сол ва аз Амрико тақрибан 200-солӣ умр доранд. Дар ин се сол мо бисёр чизҳоро омӯхтем.”

Сӯҳбати
Марат Мамадшоев,
Евгения Лим


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хеле мусохибаи хуб, тахлил ва муколамаи чолиби хондан ва тамошо.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кошки занъои точик хам ба чойи бачаи зиёд ба дунё овардан, мисли ин зани киргизбек бо савод мебуданд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!