Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:33

КМИР бовар дорад, интихоботи президентӣ озод мегузарад

6 май 2013, 17:26

Шермуҳаммади Шоҳиён, раҳбари Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, мегӯяд, онҳо аз имтиҳони ҷиддии сиёсие, ки дар пеш доранд, ба хубӣ хоҳанд гузашт. Манзури оқои Шоҳиён интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон буд, ки қарор аст, моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор гардад.

Раҳбари КМИР бо зикри ин нукта афзуд, масъулияти ба таври шаффоф ва озод баргузор гардидани интихоботи президентиро дар баробари ин ниҳод ҳамчунин ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар мақомоти дахлдор бар ӯҳда доранд.

Дар робита ба ваъдаи президент оид ба таври шаффоф ва демократӣ баргузор гардидани интихобот, Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, “баъд аз шаш моҳ мо маъракаи хеле муҳими сиёсӣ дорем. Ин чорабинии ҷиддӣ аст. Он нуктаи дар паём зикр шуда, вазифагузорӣ назди мо буд, то раванди интихобот дар асл мутобиқ бо меъёрҳои асноди байналмилалӣ ва қонунгузории кишвар бошад.”

Шермуҳаммади Шоҳиён илова кард, барои баргузории интихоботи президентӣ онҳо фазоеро фароҳам хоҳанд овард, ки тибқи он хоҳишмандон ба унвони номзад ба курсии президентӣ ва дигар шаҳрвандон ҳамчун интихобкунанда озодона ширкат хоҳанд дошт. То ҳоло танҳо Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон эълом карда, ки бо номзади худ дар ин интихобот ширкат меҷӯяд ва он ҳам раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон аст. Аҳзоби дигар ба чӣ шакл иштирок карданашон дар ин интихоботро ба дӯши анҷуманашон гузоштаанд, ки ҳамагӣ се моҳ қабл аз замони интихобот баргузор мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Омодаги аз "озоду шаффоф" баргузории интихоботи президенти маълумам гашт,ки он дар хакикат "озоду шаффоф" мисли интихоботи гайри шаффофи н.Восеъ мегузарад. Аз ин ру интихоботи президентиро байкот эълон карда аз ширкат дар он худдори мекунам.
Посух додан
  • Билол

  • 8 май 2013 10:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
То вакте шумо ва хукумати хозира дар мансабед интихобот харгиз на балки озод, хатто баргузор намегардад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!