Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 13:01

39-нафар имомхатиби масоҷиди Тоҷикистон аз «имтиҳон» нагузаштанд

11 июл 2011, 07:06

39- нафар аз имомхатибони масоҷид аз имтиҳон ё худ аттестатсия нагузаштанд.


Дар ин бора Абдураҳим Холиқов, райиси кумитаи оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯз дар ҳузури хабарнигорон иброз дошт. Номбурда афзуд, аз 327 сархатибу имомхатибони масҷид, 39 нафар комёб нагардиданд. Холиқов гуфт, ба нафарони аз ин аттестатсия нагузашта барои идома додани фаъолияти корӣ ва бартараф кардани камбудиҳо аз 3 моҳ то 1 сол мўҳлат муқаррар карда шуд. Гуфтанист, миёни имомхатибони масҷидҳои панҷвақта низ аттестатсия гузаронида шуд.
Зимнан, иттилоъ дода шуд, ки дар ҷумҳурӣ аз 3 ҳазору 347 масҷиди панҷвақта имомони 2902 масҷид ба раванди мувофиқа фаро гирифта шудаанд, ки аз ин миқдор 2 ҳазору 835 нафар имомон муваффақ гардида, 67 нафарашон ноком гаштанд. 373 нафари дигар бошад, бо сабабҳои гуногун дар имтиҳон ширкат накарданд. Гузашта аз ин аттестатсияи 72 нафар имомони масҷидҳои панҷвақтаи шаҳри Душанбе ва Роғун гузаронида нашуд, афзуд  Абдраҳим Холиқов.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!