Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:44

Раҷаби Мирзо тасмими ниҳоияшро дар як нишасти хабарӣ эълон мекунад

7 май 2013, 09:16

Раҷаби Мирзо, раиси Маркази тадқиқоти сотсиологии “Бозтоб”, тасмими ниҳоияшро дар робита ба баргузорӣ ва натиҷагирии интихоботи миёндаврӣ дар ноҳияи Восеъ дар як нишасти хабарӣ эълон хоҳад кард.

Ба ин ҳадаф, ӯ имрӯз, ҳафтуми май (соати 10-30), дар толори меҳмонхонаи “Asia Grand Hotel” дар Душанбе нишасти матбуотии баргузор мекунад.

Бояд гуфт, рӯзи 5-уми май дар ҳавзаи 39-и ноҳияи Восеъ интихоботи миёндаврӣ баргузор гардид, ки дар он се нафар барои дарёфти як курсӣ дар парлумон рақобат карданд. Дар натиҷа, ба гуфтаи масъулони Кумисюни маркзаии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, Зайниддин Сафаров -- намояндаи Ҳизби аграрӣ ё кишоварзӣ пирӯз омад.

Барои курсии холимондаи Рустам Латипов дар Маҷлиси Намояндагон Ибодулло Неъматов аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва Раҷаби Мирзо аз роҳи худпешбарӣ низ рақобат доштанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Брат

  • 7 май 2013 10:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хуб шуд, ки Р.Мирзо бо чашми худ хама чизро дид, вакте хизбхои сиёси эътироз мекарданд, хамаро нодида мегирифт, акнун ё пушти дари сиёсат ва ё ба пеш бо чуръати бештар.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!