Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:10

Раиси Роҳи оҳани Русия: Бо Тоҷикистон ҳамкориро вусъат медиҳем

7 май 2013, 09:30

Владимир Якунин, роҳбари Роҳи оҳани Русия, мегӯяд, кишвараш барои густариши ҳамкорӣ дар бахши роҳи оҳан бо Тоҷикистон ҳавасманд аст.

Ин нуктаро Якунин, бегоҳи 6-уми май, зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст.
Тавре Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҷонибҳо масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва назди баҳри Балтика дар бахши нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ намудаанд.

Ин мулоқот дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран мақомоти Русия алайҳи қаторҳои Тоҷикистон маъракаи густурда роҳандозӣ шудааст ва ҳатто роҳбарони баландпояи ин кишвар ба далели ҷавобгӯ набудани қаторҳои тоҷик ба талаботи санитарию техникӣ пешниҳод намуданд, ки вурудашон ба қаламрави Русия қатъ шавад.

Аммо кумисюни вижа ё махсуси Тоҷикистон баъд аз санҷиши қаторҳои Тоҷикистон изҳороти бархе аз мақомоти баландпояи Русияро бепоя хонд. Аъзои ин кумисюн аз 26-уми апрел то 5-уми май қаторҳои Тоҷикистонро, ки аз Душанбе ба самти Маскав мерафтанд, мавриди санҷиш қарор додаанд.

Роҳбарияти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” муътақид аст, ки мақсад аз маърака алайҳи қаторҳои тоҷик ба даст овардани бозори мусофиркашонии Тоҷикистон аст, чун Русия аллакай қисмати асосии бархе аз бозорҳои кишварҳои ИДМ-ро соҳиб шуда, мехоҳад, бозори Тоҷикистонро низ ба ихтиёри худ гирад. Роҳбарияти ин корхона ҳушдор медиҳад, ки дар сурате, агар Русия ба ҳадафҳояш ноил гардад, ҳудуди 500 роҳи оҳанчии тоҷик бекор хоҳанд монд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кош,ки хамин хел шавад.Агар каторахои Россия ба Точикистон оянд,худам пеши рохи онхо пояндози гулдор мепартоям.Як гусфанди нари бокидашударо курбони месозам.Магар мухим кисмати 500-одами рохиоханчи аст,ё такдири 500-хазор нафар мухочирони кори?.Аввал як бор монед,ки каторахои онхо озодаву тоза ва бо занхои чавону духтарони зебои рус ба Душанбе оянд,баъд мефахмед,ки пешравии хаёт дар кучост!Истиклолияту озодии Точикистон аз каторахои мо ва бозори Рохи Охани он вобаста нест.Истиклолияти мо ба шууру мафкураву фархангу донишу маърифат ва тавоноии мо вобаста аст.Каторахоямонро тавонои карда натавонистем.Монед дигарон тавоноги кунанд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!