Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:39

“Нашъахарии низомиёни рус дар Кӯлоб тафтиш мешавад”

7 май 2013, 10:42

Пойгоҳи низомии 201-и Русия якҷоя бо мақомоти адлия ва қудратиҳои Тоҷикистон ба тафтиши хабари расонаҳо дар мавриди нашъахарии низомиёни рус дар гарнизони Кӯлоб пардохтааст.

Ин нуктаро дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” Дмитирий Матушкин, сухангӯи пойгоҳи 201 изҳор дошт. Ӯ муътақид аст, ки хабарҳо дар мавриди хариди мухаддирот аз ҷониби ҳарбиёни рус дар Кӯлоб бепояанд.

Қаблан бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, аз қавли мақомот хабар дод, ки як сокини Кӯлоб, Ҷумъахон Саидамирхонов, дар пушти пойгоҳи низомии русҳо дар ин шаҳр аз ҷониби кормандони милиса якуним моҳ пеш боздошт шуда ва ҳангоми боздошт, аз ӯ қуттиҳое гугирде , ки дар дохилашон бангдона ҷой шуда ва бо забони русӣ “Это Вам”, яъне "Ин барои шумо" навишта шудааст, пайдо гардидаанд. Боздоштшуда дар пурсишҳои аввал ба муфатишони ШКД иқрор шудааст, ки ӯ ба сарбозону афсарони ин пойгоҳ маводи мухаддир мефурӯшад. Ӯ иқрор шудааст, ки ҳамчун устои таъмири пойафзол вориди қисми низомии Русия дар шаҳри Кӯлоб шуда ва ба сарбозони рус маводи мухаддир мефурӯхтааст.

Аммо Дмитрий Матушкин, масъули пойгоҳи низомии 201 манбаъҳои “Озодӣ”-ро номуътамад арзёбӣ карда, муаллифро дар он муттаҳам мекунад, ки бе далел таъкид кардааст, ки боздоштшуда, давоми се сол ба низомиёни пойгоҳи 201 мухаддирот мефурӯхтааст.

Матушкин таъкид намуд, ки вақтҳои охир ягон ҳолати нашъахарии низомиёни гарнизони Кӯлоб сабт нашудааст: “Зимни вуруд ба пойгоҳ низоми шадид ҷорӣ аст ва танҳо шахсоне ворид мешаванд, ки иҷозатномаи махсус доранд.”

Баробари ин Матушкин афзуд, ки низомиёни пойгоҳ тариқи нақша ва ғайринавбатӣ сари ҳар муддат аз ташхиси тиббӣ мегузаранд, ки он ҳар ҳолати истеъмоли мухаддиротро ошкор мекунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!