Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 09:59

Президент дар бораи гиёҳҳои шифобахш китоб ба нашр расонд

7 май 2013, 10:48

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, дар бораи гиёҳҳои шифобахши кишвараш китоб навиштааст.

Расонаҳои туркманӣ менависанд, чанде қабл дар Остона, пойтахти Қазоқистон рӯнамоии китоби Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, “Гиёҳҳои шифобахши Турманистон”, ки бо забони қазоқӣ нашр шудааст, баргузор гардид.

Ба гуфтаи Аваздур Ҳумедов, раиси бахши илмии маркази таҳқиқотии Вазорати тандурустии Туркманистон, китоби “Гиёҳҳои шифобахши Турманистон”, сарчашмаи асосии энсиклопедӣ дар мавриди гиёҳҳои шифобахши ин кишвар буда, барои ҳар як фарди ҷомеаи туркман новобаста аз синну солаш муҳим ва зарур мебошад.

“Дар ин китоб дар бораи тамоми намуди гиёҳҳо, ҷойи рӯйидани онҳо, кай бояд чида шаванд ва чигуна онҳоро бояд истифода кард, гуфта шудааст. Инчунин раисиҷумҳури кишвар дар бораи дастовардҳои Туркманистон дар соҳаи тиб баъд аз истиқлолияти худ дар ин китоб ҳарф задаст”,- афзудааст Ҳумедов.

Ин дар ҳолест, ки интизор меравад, Қурбонгуӣ Бердимуҳаммадов рӯзи 10-уми май дар доираи як сафари расмӣ озими Остона шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мегум худаш хонда боша хаму китобша намешуд пеш аз президентиат е баъди аз президенти рафтанат китоб чоп мекарди ки худат мехондиша
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
САЛОМ ИН КИТОБРО ЧИХЕЛ ДАСТРАС КУНЕМ
Посух додан
  • диловар

  • 8 май 2013 06:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хаха ,дар асл кадом диктатор хдш китоб навишта бд?хами бечора китоби навиштагиша хдш намедона рангш чихелияй .ика бхандм барои диктатуро ахахахахахахахахахахахахахаха... Э басае бо накфм
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин китоб бо забони точики чанд сол пештар тарчума шудааст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!