Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:53

Ҳукумати Душанбе изҳороти Раҳмонқуловро “буҳтон” номид

7 май 2013, 11:11

Ҳукумати шаҳри Душанбе изҳороти котиби масъули Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе, Алиризо Раҳмонқуловро дар мавриди коҳиши хайрхоҳӣ ба собиқадорон комилан буҳтон гуфт.

Санавбар Раҳимова, муовини раиси шаҳри Душанбе бо ирсоли як нома ба унвонии хабаргузории “Озодагон” навиштааст, “шурӯъ аз соли 1997 то ба имрӯз иловапулӣ ба андозаи 300 сомонӣ ба нафақаи маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва оилаҳои бесарубонмондаи қурбониёни ҶБВ ва дастгирии молиявии яквақтаина ба миқдори 1500 сомонӣ барои анҷоми маросими дафни онҳо, 100 сомонӣ ба шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави Афғонистон, маъюбони рафъи садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд, роҳандозӣ шудааст.”

Раҳимова илова кардааст, ки ба категорияҳои зикргардида ҳамасола дар арафаи идҳои Рӯзи Ғалаба 9-май ва Истиқлолияти давлатӣ кӯмакҳои молиявии якдафъаина таври ҳатмӣ аз ҷониби шаҳрдорӣ расонида мешавад, ки ин навбат мутаносибан ба маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 700 сомонӣ ва ба дигарон 500 сомонӣ дастрас карда шуд.

Муовини раиси Душанбе таъкид кардааст, ки ҳар кадом маъюб ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки дар шаҳр зиндагӣ мекунад зери таваҷчуҳи хосаи шаҳрдорӣ қарор дорад: "Ба онҳо духтурони алоҳида аз ҳисоби Раёсати тандурустии шаҳр ва субъектҳои соҳибкории махсус ҷиҳати дастгирии иҷтимоӣ бо Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе вобаста карда шудаанд. Дар иртибот ба ин шаҳрдорӣ нисбати андешаҳои котиби масъули Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе – А. Раҳмонқулов мувофиқ буда наметавонад."

Қаблан Алиризо Раҳмонқулов дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, ки “Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар аксар баромаду пайёмҳояш даъват мекунад, ки ба иштирокчиёни ҶБВ кӯмак расонед, аммо теъдоди хайрхоҳон ва корҳои хайр дар ҳаққи ветеранҳо рӯй ба коҳиш ниҳодааст.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин муйсафедро барои тухмат ба суд додан даркор
Посух додан
  • Чанговар

  • 7 май 2013 12:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамаи гапхои ин мардак рост аст. ягон кумак нест. Бештари кумакхоро масъулин худашон мегиранд. Имсол аз хамин холо ба мактаббачахои бечора махсусан дар мактабхои 24 ва 22-пойтахт гуфта истодаанд, ки ба чанговарон тухфа биёред. Магар хукумат чи кор мекунад, ки боз моро дар назди падару модарони мактаббачахо бечораву нодор намоиш медихад. Охири соли тахсил пули красаву таъмир биёред пули дару тиреза биёред пули моха биёред бас набуд, ки холо барои чанговарон пулу тухфа биёред сар шудааст. Хамон кумакхое, ки ба мо чудо мешавад хамонро халол начакондаву нарезонда дихед бас аст. обруи моро бурдед.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!