Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:01

Рашт: «Нива-Шевролет» ронандаашро пахш кардааст

7 май 2013, 13:37

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 6-уми май як сокини 68-соли ноҳияи Рашт зери чархи мошинаш монда, ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои ин ниҳод шаҳрванд Абдулҳаев Сайминоҷиддин соли таваллудаш 1945, сокини деҳаи Кулобаи ноҳияи Рашт, автомашинаи шахсиаш тамғаи «Нива-Шевролет»-ро дар нишебии роҳ, дар мавзеи кӯҳсори Сари мазори деҳаи Кулоба гузошта, аз автомашина фаромадааст, ки автомашина худ аз худ ба ҳаракат даромадааст. Абдулҳаев Сайминоҷиддин хостааст, ки воситаи нақлиётро бо қувваи ҷисмонии худ манъ намояд, вале дар натиҷа дар зери чархи пеши автомашина монда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон меафзояд, ки боз як ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ба вуқӯъ омадааст: “Рӯзи 05.05.с.2013 тахминан соати 18:40-дақиқа ноболиғ Шерова Меҳрона Рӯзибоевна соли таваллудаш 2007, сокини деҳаи Обшорони ноҳияи А.Ҷомӣ, аз беэҳтиётии волидайнаш ба ҷуйбори калони назди хонаашон афтида, ба ҳалокат расидааст. Рӯзи 06.05.с.2013, тахминан соати 06:45-дакиқа ҷасади ноболиғ Шерова М.Р. дарёфт карда шуд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин марди некдил Эшони Сайминочиддин шахси бисёр фарханги ва сохибэхтиром буд. Бародари худорахматии Эшони Саидашраф хастанд. Худованди карим рахмату махфираташон кунад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рухатон шоду хонаи охирататон обод хардуятон омин
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба хонадони Мархум Сайминочиддин изхори тасалият мекунам ва аз даргохи Худованд ба хонадонаш сабри чамил хохонам! Хамчунин ба Фарзандонашон Сайидмахмуд ва Сайидаъзам ва бародари Азизизамон Қори Саидасрор изҳори ҳамдарди мекунам. Худованд руҳашро шод гардонад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!