Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:42

“Регар-ТадАЗ” дастаи “Панҷшер”-ро “торумор” кард

7 май 2013, 14:32

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар бозии даври панҷумаш дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Румиро бо ҳисоби 5:1 мағлуб кард.

Ин бозӣ рӯзи 6-уми май дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор гардид. Фирӯз Раҳматов, бозигари дастаи “Регар-ТадАЗ” дар дақиқаи 13-уми дидор тӯбро ба дарвозаи меҳмонолн ворид намуда ҳисобро кушод (1:0). Бозигари дигари дастаи “РегарТадАЗ” Акуффо Гершон, дар дақиқаи 34-ум голи дуюм ба ҳадаф расонид (2:0). Комил Саидов дар дақиқаи 48-ум (3:0). Хуршед Маҳмудов дар дақиқаи 64-ум (4:0). Шодибек Ғаффоров дар дақиқаи 82-юм як голии дигар ба дарвозаи ҳарифон ворид намуданд. (5:0). Як голи меҳмононро Наим Холов, бозигари дастаи “Панҷшер” дар дақиқаи 88-уи ба ҳадаф расонид (5:1).

Довари асосии бозӣ дар анҷоми дидор ба Алишер Салимов, бозигари дастаи “Панҷшер” корти сурх додааст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 “Истиқлол” 4 4 0 0 14-3 12
2 “Регар-ТадАЗ” 3 3 0 0 7-1 9
3 “Хуҷанд” 4 2 1 1 4-2 7
4 “Парвоз” 4 2 1 1 3-1 7
5 “Равшан” 2 2 0 0 2-0 6
6 “Энергетик” 5 1 2 2 3-5 5
7 “Хайр” 3 1 1 1 4-4 4
8 ССКА “Помир” 4 0 3 1 1-2 3
9 “Истаравшан” 4 0 2 2 0-4 2
10 “Вахш” 5 0 1 4 2-8 1
11 “Панҷшер” 4 0 1 3 4-14 1

Голзанҳои беҳтарин инҳоянд: Дилшод Восиев аз дастаи “Истиқлол” – 5 гол задааст. Юҷин Сепуйя аз дастаи “Истиқлол”, Бахтиёр Ҳакимов аз дастаи “Панҷшер”, Муҳаммад Гулипур аз дастаи “Хуҷанд”, Акуффо Гершон аз дастаи ”Регар-ТадАЗ” – 2-голи задаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Точикбача

  • 7 май 2013 19:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хона шеру майдон ба гариб ин хел бозиро дар хорича бозидан даркор ки обуруйи миллат бошад

Хонашеру майдонгариб ин хел бозиро дар хорича бозидан даркор ки обуруйи миллати точик бошад

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!