Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:02

Боздошти донишҷӯ бо иттиҳоми кордзанӣ дар Душанбе

8 май 2013, 08:55

Мақомоти пулиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иттиҳоми авбошӣ ва расондани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро боздошт кардаанд.

Тавре аз Вазорати умури дохилӣ ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, Чупонов Мирзо Ҷамшедович соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Кӯлоб, донишҷӯи бахши 3-юми Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон дар он муттаҳам мешавад, ки рӯзи 4-уми майи соли равон, соати 23:10-дақиқа дар назди бозори «Деҳқон», воқеъ дар кӯчаи Гипроземи пойтахт, шаҳрванд Мусулмонов Баҳрулло Кароматуллоевич соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Рӯдакиро бо корд зада аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Манбаъ мегӯяд, аз зарби корди донишҷӯ Мусулмонов дар тарафи рости шикам ҷароҳат бардошта, дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол ёфтааст. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 237 қисми 3 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!