Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:34

Хадамоти гумрук китобҳо дар бораи “сеҳру ҷоду”-ро мусодира кардааст

8 май 2013, 09:55

Мақомоти гумруки вилояти Хатлон аз воридшавии 5 номгӯйи китоби зоҳиран динӣ, аммо «шубҳанок» аз қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷилавгирӣ кардаанд.

Ташхиси давлатии диншиносӣ муайян кардааст, ки китобҳои «Канз-ул-Ҳусайн», «Ганҷинаи амалиёт», «Тим-тим», «Ҷавоҳири тавъизот» ва «Хазинаи тавъизот» адабиёти марбут ба сеҳру ҷоду ва расонидани зиёни ҷисмонӣ ба инсон мебошанд. Ба иттилои Олим Шарифов, сухангӯи Раёсати Хадамоти гумрук дар вилояти Хатлон, «ҳангоми назорати гумрукӣ дар гузаргоҳи сарҳадии Панҷи Поён аз Абдулазим Муфтӣ Ҳақнавоз, сокини шаҳри Кобул, шаҳрванди Афғонистон, 6 номгӯйи китоби динии шубҳанок мусодира шуд, ки номбурда онҳоро бидуни ташхиси давлатии диншиносӣ ба Тоҷикистон ворид карданӣ буд. Дар ин китобҳо усулҳои расондани сеҳру ҷоду ба инсоният нақл мешавад, ки паҳн ва мутолиа кардани чунин адабиёт дарТоҷикистон мамнуъ мебошад».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
«Канз-ул-Ҳусайн» аз каз боз ба руйхати китобхои дорои таргиботи сехру чоду дохил шуда бошад? Оё сухангу медонад ки чи гуфта истодааст? Хуб мешуд агар дар ин бора фикри ягон нафар намояндаи ахли дин гирифта мешуд, на фикри кумитаи дин. Дар кумитаи дин хама атеистон кор мекунанд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!