Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:43

Футбол: Омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар Қувайт

8 май 2013, 11:54

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) оид ба футбол, барои омодагӣ ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё ба Қувайт сафар кард.

Ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров сурат мегирад. Футболбозони ҷавони тоҷик дар меҳмонӣ бо дастаи “Ал Қувайт” ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳанд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё ба гурӯҳи “D” шомил шуда, тирамоҳи соли равон дар пойтахти Эрон бо тимҳои Эрон, Арабистони Саудӣ ва Лубнон мубориза мебарад.

Ғолибони 9 гуруҳ ва 6 дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба сабқати ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (U-19), ки моҳи октябри соли 2014 дар Мянмар доир мегардад, роҳхат мегиранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!