Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:50

Ветерани 107-солаи бехона аз Эмомалӣ Раҳмон кӯмак мехоҳад

8 май 2013, 14:16

Дар арафаи Иди Ғалаба ба унвонии “Озодагон” аз собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Кӯлоб, Одил Сафарови 107-сола мактуб ворид гардид, ки дар он ветеран аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар барои соҳиби манзили зист шуданаш кӯмак мепурсад.

Ӯ менависад, «се-чор маротиба ба сарвари давлат муроҷиат кардам, аммо ҳукумати шаҳр чораҷӯӣ накард».

Ветерани 107-солаи бехона аз Эмомалӣ Раҳмон кӯмак мехоҳадАз матни мактуб бармеояд, ки Одил Сафаров 23-уми феврали соли 1906 дар Кӯлоб ба дунё омада, ҳоло сокини кӯчаи Сангимад Даминзода (собик кӯчаи Куйбишев), хонаи 181 мебошад. Ӯ дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) ширкат карда, пас аз итмоми он ба ватан баргаштааст. Ҳоло бошад, аз сабаби надоштани хонаи истикоматӣ дар манзили ҷияни ҳамсари раҳматиаш (писари бародари занаш) ба сар мебарад.

«То имрўз чандин бор ба ҳукумати шаҳр муроҷиат кардаем, аммо бе фоида. Вакте кӯчаи «Чармгарон»-и шаҳрро соли 2010 сел гирифт, ваъдаи ба иштирокчиёни ҶБВ додани хонаро карданд, аммо ин дафъа ҳам надоданд»,- менависад Сафаров.

Дар идомаи мактуби собиқадори ҷанг омадааст, «як бор раиси шаҳри Кӯлоб ҷияни занамро ба наздашон даъват карда гуфтанд, ки ба мо замин ҷудо мекунанд. Аммо ман аз куҷо тавоноии дар замини холӣ хона сохтанро дорам дар ин синну сол? Ва агар шахсоне, ки маро нигоҳубин мекунанд, имкон медоштанд, худашон дар хонаи кӯҳна зиндагонӣ мекарданд? Се сол шуд, ки аз паси ҳамин мушкилот гаштем, аммо бефоида…»

Одил Сафаров ҳасрат мекунад, ки «бори охир вакте сарвари давлат ба шаҳри Кӯлоб сафар карда буд, аз ҷияни ҳамсарам хоҳиш кардам, ки маро ба ҳукумати шаҳр барад, то арзамро ба президент расонам. Масъулини ҳукумат ба парасторам гуфтанд, ки мани муйсафедро ба онҳо диҳад, то нигоҳубинамро давлат ба ӯҳда бигирад».

Собиқадори 107-сола аз он дар хиҷолат аст, ки умраш ба ҷое расидаву дар манзили хешованди ҳамсари марҳумаш ба сар мебарад. Ӯ менависад, хонаи ҷияни занаш ҳам ба вайрону валангор шудааст, аммо барои таъмиру тармими он дасташон кутоҳӣ мекунад. Ба болои ин, дар ҳавлии хурдакак ду бародару як хоҳар бо оилаҳояшон зиндагӣ мекунанд, даромади лозима ҳам надоранд, ки хонаи нав созанд.

Дар як тамоси телефонӣ, ки бо масъули ҳукумати шаҳри Кӯлоб доштем, Исмон Хушвақтов, роҳбари дастгоҳи иҷроияи ин шаҳр гуфт, рӯзи ҷумъа, 10-уми май комиссияи вижа ташкил мешавад ва ба манзили зисти ветерани 107-сола барои санҷидани вазъ хоҳад рафт.

Оқои Хушвақтов афзуд: “Соли 2010 ҳамагӣ 4 хона ҷудо шуда буд, аз тарафи давлати Қатар, ки онро мо не, балки шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Кӯлоб ба он нафароне дод, ки умуман на хешовандонашон нигоҳубинашон мекарданду на фарзанду занашон ва онҳо аз дигарон дида, бештар мӯҳтоҷи ҷои зист буданд.Барои Одил Сафаров мо соли 2011 замин ҷудо кардем ва маълумот дорем, ки то ҳол дар он замин хонасозиро оғоз накардаанд. Мо комиссия ташкил мекунем, баъди ҳаматарафа дида баромадани масъала ба шумо маълумот медиҳем”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бовар кунед дилам сухт афсус дастам намерасад мермсид кумакаш мекардам худо мададгорат муйсафед
Посух додан
  • шахри гурбат

  • 8 май 2013 18:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Власт моро ба дарачае расонд ки По ай замину даст ай осмон канда шудем, бехбудии россияро бинед дар празникхо презедент мардумашро аз подарка холи намемонад, аз мо чи як хучра барои иштирокчии 1941_1945 кумак карда наметавонанд аламовар аст
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
анами хукумата дасташ намерасад, набошад дилаш мисли ту дилаш месузад!.

Хамин Хукумата дасташ намерасад набошад
дилаш сахт месузад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Войма накн рустам чихели дасташ намерасидай хамин ошёнахои баланде ки харрух месозан намешава ки як блоки хамура ба иштирокчиён ЧБВ тиан
ба фикрам интизоранд ки кай хамино мемуран чоншон халос шава !

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!