Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 17:00

Путин ба тасвиби созишномаи пойгоҳи 201-ум нуқта гузошт

8 май 2013, 14:47

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, қонуни федералиро “Дар мавриди тасвиби созишнома оиди шароити будубоши пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон” имзо карда, ба тамоми расмиёти вобаста тасвиби ин созишнома дар кишвараш нуқта гузоштааст.

Тавре Хадамоти матбуотии Кремл хабар медиҳад, созишнома дар бораи будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли гузашта аз ҷониби президентҳои Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имзо гардид, вазъи ҳуқуқии низомиён ва оилаҳои онҳо, тартиби рафтуомади техникаю низомиён дар қаламрави Тоҷикистон, таъминоти рӯзмарра, ҷуброни зарарҳои эҳтимолии тарафайн ва ғайраро ба танзим медарорад.

Хадамоти матбуотии Кремл мегӯяд, тибқи ин созишнома пойгоҳи 201 зимни ҳузур дар Тоҷикистон манофеи ҳар ду кишварро ҳимоя карда, дар мувофиқа бо мақомоти қудратии тоҷик фаъолият хоҳад кард. Ба иттилои Кремл ин созишнома ба муҳлати 49 сол баста шуда, имкон дорад, баъдан барои ҳар панҷ сол тамдид гардад.

Қаблан Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, изҳор дошт, ки созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи 201-ум аз дигар тавофуқоти Раҳмону Путин дар бахшҳои муҳоҷирату энергетика ҷудо нест ва дар назар аст, ки ин созишномаҳо ҳамзамон тасвиб гарданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Umedvorem,ki oqibatash ba khayr ast.

Ba khayr

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!