Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо Иди Ғалаба табрик кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, мардуми кишварро ба муносибати 68 - умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик намуда, зиндагии шоиста, хотири ҷамъ ва сиҳатмандиву саодати рӯзгор орзу кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар пайёми табрикотии худ, ки имрӯз, 8-уми май нашр шуд, аз ҷумла таъкид кардааст, “мо имрӯз шукргузор аз он ҳастем, ки шумо – собиқадорони муҳтарам дар ҷабҳаҳои ҷанги шадиду хунини солҳои 1941-1945 далерона размида, ҳоло бо таҷрибаи ибратомӯзи худ дар ободу зебо гардонидани Ватани азизамон ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ саҳмгузор ҳастед.”

Раисиҷумҳур афзудааст, ки “ҷанги дуюми ҷаҳон воқеан аз ҷумлаи мудҳиштарин фоҷеаҳои аҳли башар дар асри гузашта буда, дар замони он Тоҷикистони мо низ ба мушкилоти сахту сангин ва хисороти ниҳоят зиёди моддӣ рӯбарӯ гардид, ки азияташ то имрӯз идома дорад. Вазнинтарин талафоти ин воқеаи мудҳиш, ки доимо пеши назарамон меояд, ин қариб 300 ҳазор нафар фарзандони ба ҷабҳаи набард фиристодашуда ва барнагаштани 100 ҳазор нафари онҳо мебошад, ки ҷои онҳо то имрӯз холист, вале номи некашон дар қалбҳои мардуми сарзаминамон зинда мебошад.”

Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон айни замон шумораи собиқадорону маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишвари мо 1441 нафарро ташкил дода, ҳамаи онҳо пурра таҳти ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд: “Мо ҳеҷ гоҳ хизмату ҷонбозиҳои шумо - диловарони майдони набардро фаромӯш намекунем ва таҳти ғамхории доимӣ қарор додани шуморо вазифаи аввалиндараҷаи худ меҳисобем.”
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)